БОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол то 3,8% поин меравад

Дар «Гузориши рушди Осиё-2016», ки имрӯз аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе муаррифӣ шуд, зикр мегардад, ки поинравии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон идома ёфта, зарурати суръат бахшидан ба гузаронидани ислоҳот баҳри инкишофи саноати рақобатпазир ва содирот, ҳамчунин таъсиси ҷойҳои кориро инъикос мекунад.

Дар «Гузориши рушди Осиё-2016», ки имрӯз аз ҷониби Бонки осиёгии рушд  дар Душанбе муаррифӣ шуд, зикр мегардад, ки поинравии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон идома ёфта, зарурати суръат бахшидан ба гузаронидани ислоҳот баҳри инкишофи саноати рақобатпазир ва содирот, ҳамчунин таъсиси ҷойҳои кориро инъикос мекунад.Коршиносони БОР рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 3,8% ва то 4,0% дар соли 2017 пешгӯӣ мекунанд.Қайд мешавад, ки «бар асари таъсири нархҳои паст ба молу маҳсулот, сармоягузориҳои хусусии начандон зиёду самараовар ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ», рушди иқтисоди кишвар аз 6,7% дар соли 2014 то ба 6% дар соли гузашта коҳиш ёфт.«Рушди устувор ислоҳоти таъҷилиро баҳри барқарор намудани заминаи саноатии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ тақозо мекунад ва барои ноил гардидан ба он муҳайё сохтани муҳити мусоид барои тиҷорат, бахусус барои корхонаҳои хурду миёна зарур аст, ки ҷойҳои кори оммавиро ба аҳолии дар ҳоли афзоиш қарордошта ва муҳоҷирони бозгарданда таъмин мекунанд», - изҳор намуд намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю.Зикр гардид, ки соли 2015 мизони таваррум аз 6,1%-и соли 2014 то ба 5,1% поин рафта, соли 2016 таваррум дар сатҳи - 8,5% ва соли 2017 - дар мизони 7,5% пешгӯӣ мешавад.

general.images