Бонки Эсхатаи Тоҷикистони бекористон, боз 10 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст!

Бонки "Эсхата", ки аз он яке аз ниҳодҳои муваффақи молӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ахиран эълон кард, ки 10 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст.

Тоҷикистон кишваре аст, ки ба бекористон маъруф аст ва дар кишварҳои хориҷа онро ба кишвари “гадоҳо” ёд мекунанд; чароки аз президенташ сар карда, то вазиру вакилу милиса ҳамаашон пул гадогӣ мекунанд ва агар касеро ёбанд, ки камтарак пул дар дасташ дорад агар хориҷӣ бошад гадогӣ мекунанд ва агар тоҷик бошад бо зару зӯру тазвир аз чангаш мебароранд.КДАМ, ВКД, ВКХ ва дигар сохторҳои давлатӣ то ба ҳол ҳазорон нафарро ба баҳонаҳои мухталиф боздошт карда, аз оилаи боздоштшуда ба истилоҳ пул кандаанд то фарзандашонро озод кунанд. Бисёр дур намеравем, намунаи боризи ҳамин масъала, яке аз наздикони инҷониб аст, ки бегуноҳ боздошташ карданд, падари боздоштшуда маҷбур шуд хонаашро фурӯшад ва фарзандашро озод кунад. Дар СИЗО чунон шиканҷааш карданд, ки ба падараш гуфт зиндагиатро фурӯш ва маро аз инҷо озод кун, вагарна зери шиканҷа тоб наоварда ҷонам мебарояд.Дар чунин вазъе, ки тақрибан 40% аҳолии Тоҷикистон дар ғуломигарӣ ва гастарбайтерии русҳо қарор доранд ва беш аз 10% дар кишварҳои дигар дар ҷустуҷӯи коранд, Эмомалӣ Раҳмон шарм накарда сухан аз шукргузорӣ мекунад ва ба мардум дастур медиҳад ки шукри амнияти кишварро кунед. Амалан 50% аҳолии Тоҷикистон дар Тоҷикистон нестанд ва он 50 % дигаре ки мемонанд, 95% бекоранд. Яъне кор нест то кор кунанд. Шумо ҳарҷо равед мебинед мардум бекоранд, пул нест, даромад нест. Фақат касоне ки ба оилаи Э.Раҳмон наздиканд соҳиби кору пуланд, аммо бақия дар фақру камбизоатию қашшоқӣ қарор доранд. Бо вуҷуди ин бекорӣ дар Тоҷикистон, бонки Эскахата 10% коргарҳои худро ихтисор кардааст; яъне амалан аз 100 % аҳолии Тоҷикистон, фақат 5% дорои коранд тамом, бақия бекору бепуланд. Ин қашшоқӣ дар асари белаёқатӣ ва ӯҳданобароии Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омадааст. Барои аз байн бурдани ин мушкилот, ҳатман бояд Эмомалӣ Раҳмон равад, то мушкилот кам шавад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, бонки "Эсхата", ки аз он яке аз ниҳодҳои муваффақи молӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ахиран эълон кард, ки 10 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст. Масъулини бонк мегӯянд, дари чанд маркази хизматрасониашонро бастаанд. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images