Боло рафтани рейтинги расонаии Кабирӣ ва ҲНИТ пас аз маҳдудиятҳои ҳукумат

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пас аз маҳдудиятҳои эъмолшуда аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва аъзоёни он, рейтинги ин ҳизб аз гузашта ҳам болотар рафта ва бештар чашму гӯшҳо ба сӯи ин ҳизб ва раиси он маътуф гаштааст, ҳарчанд ба гуфтаи онон ин ҳизб дар чанд соли ахир аз маҳбубияту маъруфияти муносибе дар афкори умумии мардуми кишвар бархурдор будааст.

Таҳлилгарон бо ишора ба ҳаводиси ахире, ки ҳамагон шоҳидаш будем ва муҳимтарин масъалае, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бештарин сару садоро бавуҷуд овард ин боздошти бастагони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва махсусан падари 95-солаи эшон будааст, ба ин тафсир расидаанд.

Ҳоло чи масоиле байни ҳукуматдорон ва боздоштшудагон пеш омад ва ин ки чаро ба ҷурми як шахс, шахси дигар ва хонаводаву вобастагонаш ба ҳабс гирифта мешаванд, як мавзӯи ҳуқуқӣ аст ва рабте ба баҳси мо надорад, аммо чизе, ки мавриди назари мост, ин мушоҳидаи боло рафтани ҷойгоҳ ва мавқеияти ҲНИТ дар назди мардум ва расонаҳову афкори умумӣ, бахусус пас аз маҳдудиятҳои эъмолшуда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ин ҳизб мебошад.

Чизе ки бештар таваҷҷӯҳҳоро ба худ ҷалб кард, пардохтани тамоми расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз Тоҷикистон ва ҳатто расонаҳои ғайритоҷикӣ ба ин масъала мебошад.

Таҳлилгарон мегӯянд, агарчи бар фарз, бахше аз ин таваҷҷӯҳоти расонаӣ ба дархости худи хонаводаи Кабирӣ бошад, вале бештари он бармегардад ба шахсияти сиёсӣ ва хабарсоз будани ин фард, зеро маълум аст, ки  расонаҳои дохилии Тоҷикистон, ки бештарашон давлатӣ ва ё моил ба ҳукумат буда ва аз сиёсатҳову афкори ҲНИТ ҷонибдорӣ ба амал намеоваранд, гоме дар дар паи бузург кардани Кабирӣ нахоҳанд бардошт; бинобар ин тасреҳ кардаанд, ки танҳо масъалае, ки онҳоро барои пардохтан ба хабари мазкур ташвиқ намудааст, хабарсоз ва расонаӣ будан ва маъруфияти беш аз андозаи ҲНИТ ва раҳбари он қаламдод шудааст.

general.images