Болоравии 20 то 30 дарсадии роҳкирои нақлиёти мусофиркашонӣ, хидмати дигаре аз режими Раҳмон ба мардум тоҷик

Раиси Идораи нақлиёти вилояти Суғд гуфт, ки "аз рӯи нархномаи нав, раҳкирои нақлиёти мусофиркашони дохилишаҳрӣ ва маркази ноҳияҳо 30 дар сад боло бурда шуд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Ислом Авлиёев - раиси Идораи нақлиёти вилояти Суғд рӯзи душанбеи 9-уми июл дар сӯҳбати гуфт, ки "аз рӯи нархномаи нав, раҳкирои нақлиёти мусофиркашони дохилишаҳрӣ ва маркази ноҳияҳо 30 дар сад боло бурда шуд. Масалан, дар Хуҷанд раҳкирои микроавтобус 1 сомонӣ буд, аз ин пас 1 сомониву 30 дирам мешавад."Ҳамин тавр, аз рӯзи сешанбеи 10-уми июл нархи ҳаракат дар нақлиёти мусофирбари наздишаҳрӣ низ ҳудуди 20 дар сад баланд хоҳад шуд. Раҳқирои нақлиёти хатсайрҳои байнишаҳрӣ аз рӯи нархномаи нав 20 дар сад боло хоҳад рафт. Раҳбари идораи нақлиёти вилояти Суғд гуфт, баланд кардани раҳкирои нақлиёти мусофикашони ҷамъиятӣ дар ҷаласае бо иштироки масъулони ҳукумат ва ширкатҳои нақлиёти мусофиркашон машварат шудааст.Ислом Авлиёев гуфт, бори охир роҳкиро дар Тоҷикистон соли 2011 баланд шуда буд ва дар 7 соли гузашта боло рафтани арзиши санҷиши техникии воситаҳои нақлиёт, иҷозаномаи фаъолият, варақаи назоратӣ, роҳхат, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, қурби асъори хориҷӣ ва ба хусус – қимат шудани сӯзишворӣ, газу бензин ва дизелӣ боло бурдани нархи ҳаракат дар нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятиро сабаб шудааст. Болоравии раҳқирои нақлиёти мусофирбар рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро байни корбарон барангехтааст. Бархе болоравии қимати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро як амри табиӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, нархи сӯзишворӣ, низ ҳамвора боло меравад ва ронандагон низ ба ҷуз зиёд кардани роҳкиро, чорае надоранд. Аммо бархе дигар мухолифи ин тасмим ҳастанд ва мегӯянд, ки гарон шудани раҳкиро ба будҷаи бе ин ҳам ноқиси табақаи камбизоати ҷомеа, бекорон ва донишҷӯён таъсир хоҳанд расонд.

general.images