Боз ҳам озору азияти мардони ришдор ва занони ҳиҷобпуш аз суи мақомоти режими Раҳмон

Кормандони полиси Тоҷикистон дар минтақаи километри 9 шаҳри Душанбе рӯзи 27 сентябр амалиётеро зидди занони сатрдор ва мардони ришдор ба роҳ андохтанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Ахбор, кормандони полиси Тоҷикистон дар минтақаи километри 9 шаҳри Душанбе (дар роҳи Душанбе-Ваҳдат) рӯзи 27 сентябр амалиётеро зидди занони сатрдор ва мардони ришдор ба роҳ андохтанд.Дар видеои ирсолии яке аз хонандагони ин сомона дида мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон ҷавонони ришдорро ба сартарошхонае дар канори роҳ мебаранд ва аз занони сатрдор ҳам мехоҳанд, ки руймолҳои худро ба шакли тоҷикӣ ва ба тарафи пушти сар бубанданд.Касе ки ин видеоро таҳия кардааст, мегуяд худи ӯро ҳам барои доштани риш дар ҷараёни ин амалиёт дастгир кардаанд.Ӯ пас аз халос шуданаш ба гушаи дигари роҳ рафта ва аз дур ин ҷараёнҳоро сабт кардааст.Дар ин видео, кормандони полис дар канори роҳи Душанбе-Ваҳдат дар минтақаи километри 9 назди як дуккон истодаанд ва раҳгузаронеро, ки риш ё ҳиҷоб доранд манъ ва бозҷӯӣ мекунанд.Ин бори аввал нест, ки аз Тоҷикистон дар бораи амалиётҳои зидди ҳиҷоб ва риш гузоришҳое ба даст мерасад.Ба гуфтаи манбаъ, мақомот мегуянд ҳадафи ин амалиётҳо таблиғи либоси миллӣ аз тариқи фаҳмондадиҳӣ аст ва касеро маҷбур намекунанд. Вале шоҳидон мегуянд ин маъракаҳои фаҳмондадиҳии мақомот, бештар ба фармондадиҳӣ шабоҳат дорад.

general.images