Бозҳам як ҷавони тоҷик ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия ба 12 сол зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Турсунзода як сокини 28 солаи ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои рафтан ба Сурия ба 12 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Ховар, Додгоҳи шаҳри Турсунзода як сокини 28 солаи ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои рафтан ба Сурия ба 12 сол зиндон маҳкум кард.Саъдуллоҳ Қазоқов ҳангоми ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир ба васила шабакаҳои иҷтимоӣ бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ, ошно шуд ва худ низ ба таблиғи андешаҳои ин гурӯҳи такфирӣ пардохт.Вай ҳамчунин бо ирсоли номаҳои ҷудогона ба падар, бародар ва падари ҳамсари худ, онҳоро аз қасди вай барои рафтан ба Сурия огоҳ карда ва хостори пардохти қарзҳои молиётӣ ва нигаҳдорӣ аз хонаводааш шуда буд.Вай ҳамчунин таъкид карда буд, дигар ба думболи ёфтани вай набошанд.Аммо раиси додгоҳи шаҳри Турсунзода гуфтааст, мақомоти амниятии Туркия Саъдуллоҳ Қазоқовро ҳангоми убур аз марзи ин кишвар ва Сурия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.Суҳроб Раҷабзода иллати аслии гирифтор шудани насли ҷавони Тоҷикистонро дар доми гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ, истифода аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва надоштани дониши саҳеҳи исломии ин афрод медонад, ки гумон мекунанд, исломи воқеӣ ҳарфҳое аст, ки мубаллиғони ин созмонҳо мезананд.Вале ба назар мерасад иллати асли гирифтор шудан ва пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифроти , душманиҳо ва сахтгириҳои режими Раҳмон нисбат ба масоили дини, мисли масалаи манъи ҳиҷоб, тахриби масоҷид ва ... аст, ки ҷавонони тоҷикро ба ин гурӯҳҳои ифроти кашонида аст.

general.images