Бозҳам сухтори дигар дар бозори "Корвон”

Рӯзи 14 июл, соати тахминан 13:10 дар растаи фурӯши кипҳои пахта дар бозори "Корвон” – бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон боз як сӯхтор рух додааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Ахбор, рӯзи 14 июл, соати тахминан 13:10 дар растаи фурӯши кипҳои пахта дар бозори "Корвон” – бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон боз як сӯхтор рух додааст. Касе дар ин ҳодиса осеби ҷисмонӣ набардоштааст ва сӯхторнишонҳо тавонистаанд сари вақт аз густариши доманаи сӯхтор пешгирӣ кунанд.Бар асари гармии зиёд имрӯз соати 13:10 дақиқа дар бозори Корвон сӯхтор сар зад. Ин навбат алангаи оташ аз миёни кипҳои пахта, ки рӯ ба рӯи ҳам гузошта шуда буданд, бархест. Шоҳидони сӯхтор, ки дар ҷои ҳодиса қарор дошт, гуфтанд, оташ яку якбора, худ ба худ сар зад ва касе дар сӯхтор гунаҳгор нест. Ягон нафар аз сӯхтор зарари ҷисмонӣ надидааст. Сӯхторхомӯшкунандаҳо сари вақт ба ҷои ҳодиса расида, аз масоҳати бештари оташ ҷалавгирӣ карданд.Танҳо дар моҳи июн дар шаҳри Душанбе 6 сӯхтор сабт шудааст. Дар пойтахт аз ҷумла маркази савдои "Осиё” дар бозори "Султони Кабир”, тарабхонаи туркии "Мерве”, як тарабхонаи марбут ба соҳибкори эронӣ дар маҳаллаи "Водонасос”, чанд хона дар маҳаллаи маъруф ба "маҳаллаи дарвозиҳо” дар минтақаи Комбинати гӯшт, корхонаи дӯзандагии "Суман” ва рӯзи 24 июн ошхонаи "Роҳат” дар назди корхонаи нассоҷӣ (текстил) ба коми оташ рафтанд.

general.images