Бозҳам режими Раҳмон боиси бекор мондани даҳҳо мутахассис шуд

Ассотсиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз бекор мондани даҳҳо мутахассиси бахши хизматрасонии NGN-и ширкатҳои мобилӣ, нигаронӣ кардааст.

Вуҷуди бекори ва мушкилоти шадиди иқтисоди дар Тоҷикистон, мардум ва ширкатҳои мухталифро дар вазияти ногувор қарор дода аст. Режими Раҳмон ба ҷои инки дар паи бартараф кардани мушкилоти маҷуд дар кишвар бошад, ҳарруз боиси бадтар шудани авзоъ мешавад.Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Ассотсиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз бекор мондани даҳҳо мутахассиси бахши хизматрасонии NGN-и ширкатҳои мобилӣ, нигаронӣ кардааст. Раҳбари ин ассотсиатсия мегӯяд, ки баста шудани фаъолияти NGN, боиси зарари молии ширкатҳо ва ҳам аз даст додани кадрҳо мешавад.Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи равон муҷаввизи ширкатҳои “Тоҷиктелеком”, “ТТ-Мобайл”, “Таком”, “Вавилон-М”, “Вавилон-Т”, “Индиго Тоҷикистон”, “Истэра”, “Интерком”, “Телеком технолоҷӣ”, “Коминтел”-ро барои истифодаи хадамоти NGN, бекор кард.Ғафур Эркаев, раиси Ассосиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25-уми декабр гуфт, ки бо қатъ шудани гуфтугӯ тариқи NGN, даҳҳо тан аз мутахассисони ин ширкатҳо бекор монданд ва ширкатҳо намедонанд бо инҳо чӣ кор кунанд. Вай афзуд, танҳо дар як ширкати мобилӣ дар бахши алоқаи NGN то 30 нафар кор мекарданд ва гузашта аз ин, мутахассисони варзида низ буданд.Ба гуфтаи раиси Ассостсиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, илова бар ин, ҳар ширкат барои харидории фановарӣ барои алоқаи NGN ва таҳсили мутахассисон дар берун аз кишвар, маблағҳи зиёде харҷ кардаанд. Ғафур Эркаев афзуд, Ассосиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз пеш омадани чунин ҳолат дар ташвиш буда, мехоҳад бо намояндагони Хадамоти алоқа вориди музокира шавад.Вай гуфт: "Ман фикр мекунам, ки бояд намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа бо ҳамроҳии созмони мо гуфтугӯ кунанд ва умедворам дар соли нав роҳи ҳалли он ба даст хоҳад омад. Бубинед, панҷ сол пеш Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз нигоҳи пеешрафти соҳаи муосири хизматрасонии интернетӣ ва алоқа дар ҷои аввал буд ва набояд ин иммиҷро аз даст дод”.Хабарнигори Востокнюз: Музаффари Раҷаб

general.images