Бозгашти китобҳои адибони тоҷик ба китоб фурушиҳои Самарқанду Бухоро

Узбакистон пешниҳод кардааст, ки дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Узбакистон пешниҳод кардааст, ки дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин ин кишвар хостори фурӯши китобҳо бо забони узбакӣ дар Тоҷикистон шудааст.Аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр гуфтанд, ки ин пешниҳоди ҷониби Узбакистонро як масъули Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти ин кишвар ба мақомоти тоҷик, ироа кардааст.Ба иттилои манбаъ, Мизроб Мавлонов, муовини аввали директори Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти Узбакистон дар мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфтааст, ин кишвар хостори фурӯши китобҳои адибони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро мебошад.Манбаъ афзуд: "Муовини аввали директори Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти Ҷумҳурии Узбакистон Мизроб Мавлонов пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон фурӯши китобҳои узбак ва дар Узбакистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад".Фурӯши китобҳои адибони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро, ки аслан тоҷикнишин мебошанад, аз дархостҳое буд, ки солҳо зиёиёни тоҷик барои амалӣ шудани он талош мекарданд. Муносибати сарди Тоҷикистон ва Узбакистон дар замони ҳукумати Ислом Каримов ба ин иҷозат намедод. Дар пайи беҳ шудани равобити ду кишвар ин нахустин бор аст, ки ҷониби Узбакистон мехоҳад китобҳои адибони тоҷик дар ин кишвар ба хонандагон пешниҳод шаванд.

general.images