Бобои Дона, чӣ кушта шавад чӣ озод, дар ҳарду сурат пирӯз ва таърихсоз аст

Бобои Дона, чӣ кушта шавад чӣ озод, дар ҳарду сурат пирӯз ва оғозгари сафҳаи заррин дар таърих аст!

Бобои Дона, номе аст, ки дар таърих монд ва таърих сохт. Ду шоҳкор кард ва таърихсоз шуд. Таърихе ки ояндагон бо хондани он ифтихор мекунанд ва аз вуҷуди чунин пирамарде ба худ меболанд. Пирамарде ки то дами марг мард буд, мардона зист, мардиро дар синни 87 солагӣ нишон дод ва номардони замонро ба ҷаҳониён шиносонд.

Пирамарде ки ихлос дошт ва дар роҳи Худо устувор буд. Пирамарде, ки бо вуҷуди доштани синни боло ҷавон буд, дили ҷавон дошт ва монанди ҷавонони рашид дар роҳи Худо мардӣ, инсоният, ихлос, ёрӣ ба мазлум ва мубориза алайҳи золиму ситамгарро собитқадамона ва устуворгомона ба намоиш гузошт.

Як шоҳкори ӯ ин буд, ки ҷавондил буд, ихлос дошт ва ихлосаш ба ӯ иҷоза надод, ки дар синни 87 солагӣ хонашин ё замингир бошад, балки то дами марг дар роҳи эътиқод ва ҳадафи муқаддаси худ гом мебардошт.

Шоҳкори дигари ӯ ин буд, ки бо Фиръавни замон, фарзанди шайтон, душмани Худо ва инсон-Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим то дами марг дар пайкор буд ва ин ду ҷурсумаи фасодро расво кард.

Инак чанд моҳ аст, ки ӯ дар зиндон бо доштани ҷисми заифу наҳиф, аммо иродаи боло ва дили ҷавон дар синни 87-солагӣ, бадтарин шиканҷаҳои ваҳшиҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимро таҳаммул мекунад ва дарранда будани ин ду ҷурсумаи фасодро бештару беҳтар ошкортар мегардонад.

Ҳоли Бобои Дона дар зиндон зери шиканҷаи тоқатфарсо вахим аст, ва эҳтимол аст, ки анқариб пайки Ҳақро лаббайк гуяд ва ҷонро ба ҷонофарин таслим кунаду ба дидори Ҳаққ бишитобад!

Эмомалӣ Раҳмон маҷбур аст, ки ӯро ё дар зиндон сар ба нест кунад, то бештар аз ин номи ӯро дар ҷаҳон расвотар нагардонад, ё озодаш кунад то рӯзҳои охири умрро дар хона бигузаронад.

Аммо дар ҳарду ҳолат, Бобои Дона чӣ озод шавад ва чӣ дар зиндон ба шаҳодат расад, пирӯз аст. Чароки ба таъбири Қурбон, ӯ дар “яке аз ду беҳтарин ҳолат” –чӣ шаҳодат ва чӣ пирӯзӣ дар роҳи Худо- қарор дорад.

Салом бар Бобои Дона, рӯзе ки ба дунё омад, рӯзе ки ба шаҳодат мерасад ва рӯзе ки дубора барангехта шуда, хунхоҳи хуни шаҳидони кушташуда ба дасти Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим хоҳад буд!

Сиддиқи Акбар

general.images