Бино ба эътирофи Озодӣ аз даҳ сол пеш мақомоти Тоҷикистон аз пули мардум дар ҳамаи масҷидҳои ҶТ дурбинҳои назоратӣ гузоштаанд!

Мақомот дар Қубодиён мегӯянд, дурбинҳои назоратӣ бо ҳадафи сабти ҳаракати намозгузорон ва равуои сокинон насб шуда буд.

Радио Озодӣ сомонаи хабарие аст, ки тарафдори режими Раҳмон аст ва ҳамаҷониба аз он ҳимоят мекунад. Чӣ тавре ки қаблан гуфта шуд Соҷидаи Мирзо маъшуқаи як корманди кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон (КДАМ) аст. Аз ҳамин сабаб аз дастури КДАМ итоат карда, хабарҳоеро пӯшиш медиҳад, ки он ба фоидаи Э.Раҳмон аст ва дар муқобил мухолифон аз ҷумла ҲНИТ-ро манфӣ гузориш карда, дар ростои сиёсати режими Раҳмон мақола меоварад.Сайти Озодӣ, ки сайти вобаста ба режими Раҳмон ва пуштибони он ба ҳисоб меояд, хабарҳое ки пахш мекунад, қатъан талош мекунад хабарҳоеро пахш кунад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз он озурдахотир нашавад. Бинобар ин, хабаре ки аз сайти Озодӣ пахш мешавад, чун аз тарафдорони Э.Раҳмон аст, хабарҳое аст, ки инъикосдиҳандаи режими Раҳмон аст.Дар сайти Озодӣ имрӯз гузорише пахш шудааст, ки дар он таъкид мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз даҳ сол пеш душманиаш бо масҷидҳо ва хонаҳои Худо дар заминро оғоз кардааст. Ва барои мубориза бо масҷидҳо на танҳо аз маблағи худ истифода набурда, балки мардуми мусулмони намозхони масҷидравро маҷбур карда, аз онҳо пул ситонда дурбинҳои назоратӣ насб кардааст то ҳамаи масҷидҳоро зери назари худ гирад.Аз гузориши ин сайт чунин фаҳмида мешавад, ки режими зидди Исломи Раҳмон бо барномарезӣ ва иҷрои Саймумин Ятимов барномаи мубориза ва ҷанг бар зидди масҷидҳо ва хонаҳои Худо дар Тоҷикистонро беш аз даҳ сол аст, ки дар дастури кор доранд ва аз даҳ сол пеш алакай дурбинҳоро насб карда Хонаҳои Худоро ба тамошохонаи худ табдил доданд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, мақомот дар Қубодиён мегӯянд, дурбинҳои назоратӣ бо ҳадафи сабти ҳаракати намозгузорон ва равуои сокинон насб шуда буд. Дилмурод Алимардонов, раиси деҳаи Гузаргоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дурбинҳоро аз пули ҷаъмовардаи намозгузорон дар чанд соли пеш харида буданд. Гузоштани дурбинҳои назоратӣ ҳудуди 10 соли пеш бо дастури мақомот дар масҷидҳо ҳатмӣ шуд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images