Беҳурматии Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш ба Ветеранҳо

Рӯзи 9 май 12 собиқадори Ҷанги бузурги ватаниро дар даромадгоҳи Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе нигоҳ дошта, ба маросими асосии Иди Ғалаба роҳ надодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш иштирокчиёни ҷанги бузурги ватаниро ба иди Ғалаба роҳ надоданд. Ин ниҳояти беҳурматӣ ба қаҳрамонон аст, ки рӯзгоре ҷон бар каф гирифта барои озодӣ ва ободии миллат ҷангидаанд. Мутаассифона баъзеҳо ҳастанд, ки на танҳо инсониятро мефаҳманд, балки дарки азришҳои инсонӣ низ дар вуҷудашон хомӯш шудааст. Беҳурматӣ ба қаҳрамонон бебаракатӣ дар насли ҷавонро боис мегардад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, рӯзи 9 май 12 собиқадори Ҷанги бузурги ватаниро дар даромадгоҳи Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе нигоҳ дошта, ба маросими асосии Иди Ғалаба роҳ надодаанд. Раиси Шӯрои ветеранҳои пойтахт инро ... "ғамхорӣ дар ҳаққи ветеранҳо” номид.12 собиқадори ҷанг аз 4 ноҳияи шаҳри Душанберо рӯзи 9 май ба маросими асосии бахшиди ба Иди Ғалаба роҳ надодаанд. Онҳоро дар назди даромадгоҳи Боғи Ғалаба дар як ошхона то анҷоми маросим нигоҳ дошта, сипас гуфтаанд, ки ба хонаҳои худ биравед. Светлана Рагулина, набераи Леокадия Ковтун, яке аз ин собиқадорони ҷанг ба хабаргузории "Спутник”гуфт, "хашми мо ниҳоят надорад! Ба ветенарзо кӯтоҳ ҷавоб додаанд, ки ин амри шаҳрдорӣ аст. Ба собиқадороне, ки аз субҳ дар назди дарвоза истода буданд, яктоӣ самбӯса дода, ба хонаҳояшон пас фиристодаанд, Онҳоро ана ҳамин гуна табрик карданд.”

general.images