Бераҳмӣ ва ҳайвонсифатии режими Раҳмон; Шиканҷа ва фишор бар хонаводаи шаҳид Ғозӣ

Эмомалӣ Раҳмон ҳамонтавр ки аз чеҳари наҳсаш ҳувайдост, як инсони бисёр паст, ноинсон, ваҳшӣ ва бераҳм аст. Ӯ барои инки бар сари қудрат бимонад, ҳозир аст ҳатто тӯлаҳои худро монанди гурги гурусна ки тӯлаҳои худро аз сари гуруснагӣ даронда мехӯрад, нест кунад, то худаш бар он боқӣ монад.

Ҳодисаи хунин ва ваҳшатноки зиндони Ваҳдат иддаои дар бологуфтаи моро таъйид мекунад ва ваҳшигарии беҳадди Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятим ва пайравонашонро исбот мекунад.

Режими Раҳмон илова бар инки даҳ чанд нафарро дар моҳи мубораки Рамазон, аз ҷумла Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Махсуми Абдусаттор, Шайх Темур, шаҳид кард ба ҷасади беҷони онҳо низ раҳм накарда, беҷаноза ва бидуни инки ба хонаводаашон нишон диҳанд, гӯрониданд.

Бар замми ин ҳама бераҳмию қасоват, шиканҷа ва фишорро бар хонаводи шаҳидон, ба хусус шаҳид Ғозӣ даҳчанд гардонд. Саросари расонаҳои Эрон аз шиканҷа ва фишори аҷиби режими Раҳмон бар хонаводаи шаҳид Ғозӣ парда бардошта, номардии Э.Раҳмонро маҳкум карда, меоварад:

"Давлати Тоҷикистон иҷозаи баргузори маросими ҷаноза ба хонавода ва муридони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ надод ва ҳатто ҷанозаи ӯро бидуни намоз ба хок супорид. Ду фарзанди шаҳид Ғозӣ, ки ҳеҷгуна фаъолияти хоссе алайҳи режими Тоҷикистон надоранд боздошт шуда ва таҳти шиканҷа қарор гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории АБНА дар ҳоле, ки як ҳафта аз шаҳодати аллома «Сайид Қиёмиддини Ғозӣ» аз уламои бузург тоҷик ва теъдоде дигар аз зиндонёни мазлуми тоҷикистонӣ мегузарад, фишор бар наздикони эшон идома дорад.

Пас аз инки он рӯҳонии муҷоҳид бино ба иддаои давлати Тоҷикистон, дар ҳодисаи шӯриши зиндони минтақаи "Ваҳдат"-и ин кишвар ба дасти авомили зиндонии ДОИШ сар бурида шуд, пайкари ӯ дар шароите аҷиб мадфун гардид. Давлати Тоҷикистон иҷозаи баргузории маросими ҷаноза ба хонавода ва муридони ӯро надод ва ҷанозаро ҳатто бидуни намоз ба хок супорид; дар ҳоле, ки ҳазорон нафар аз пайравон ва ақвоми эшон омодаи ҷанозаи он шаҳиди мазлум буданд. Мақомоти амнияти Тоҷикистон пас аз дафн низ то имрӯз, бо гумордани нигаҳбон монеъи наздикии мардум ба қабри шаҳид Ғозӣ шудаанд!

Аммо дар иқдомоте аҷиб ва ваҳшиёна, бародарон ва фарзандони он шаҳид низ бидуни ҳеҷ ҷурме, мавриди тааррузу шиканҷа қарор гирифтаанд.

Ду фарзанди шаҳид Ғозӣ, ки ҳеҷгуна фаъолияти хоссе алайҳи режими Тоҷикистон надоранд, пас аз ҳодисаи шаҳодат ва дар ҳамон рӯз, ба ҷои тасалият ва дилҷӯӣ, боздошт шуда ва таҳти шиканҷа қарор гирифтанд! Дар натиҷаи ин шиканҷаҳо, ҳамакнун яке аз фарзандони ӯ бистарӣ аст ва як бародар ва як фарзанди дигар доиман мавриди азият ва бозпурсӣ қарор мегиранд!

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои инки ба ҷуброни зарарҳои худ дар таъмини амнияти зиндонён, ба шаффофсозии ҳодиса ва дилҷӯӣ аз хонаводаҳои шуҳадо бипардозад, ононро таҳти фишор ва озор қарор додааст.

Идомаи ин раванди ғайри инсонӣ, метавонад ба вуруди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва афви байналмилал ба ин моҷаро бианҷомад, ки авоқиб ва табаоти манфие барои ҳукумати Тоҷикистон хоҳад дошт.

Шоёни зикр аст шомгоҳи рӯзи якшанбе 19 майи 2019 дар ошуби машкук дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, панҷ нафар аз зиндонён ва се нафар аз нигаҳбонон ба дасти ДОИШиҳои шӯришӣ кушта шуданд. Аллома «Сайид Қиёмиддини Ғозӣ» аз муассисони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, «Махсум Абдуссаттори Карим» аз аъзои шӯрои олии ҲНИТ ва «Сайид Маҳдихон Саттороф» аз сӯфиёни тариқатӣ, аз ҷумлаи зиндонёне буданд, ки ҷилави чашми соири зиндонён ва бо корд ба тарзи фаҷеъе зибҳ шуданд.

Бархе нозирон сиёсӣ, ин даргириро нақшаи сохтагие медонанд, ки барои нобудии теъдоде аз мухолифони сиёсии зиндонӣ, тарҳрезӣ ва иҷро шуд.

Аммо давлати Тоҷикистон, ки иддао мекунад ДОИШ ин ҷиноятро муртакиб шудааст, бояд посух диҳад, ки чаро иҷозаи ҷаноза ва иқомаи намози майит бар пайкари шаҳид Қиёмиддини Ғозӣ ва шаҳид Сайид Маҳдихон Сатторофро надод? Ва чаро акнун ба шиддат бо хонаводаи бегуноҳи шаҳид Ғозӣ бархурд мекунад?"

Манбаъ: Хабаргузории АБНА

http://fa.abna.cc/71Xg

general.images