Беадолатӣ дар режими Раҳмон: аз ин пас барои як қарздор як деҳаву ҷамоат аз рӯшноӣ маҳрум мешавад!

Э. Раҳмон гӯши фалакро кар кард, ки Тоҷикистон натанҳо худашро аз барқ таъмин мекунад ва ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, балки ба дигар кишварҳо низ барқ содир мекунад, аммо имрӯз мебинем, ки ин сухан дурӯғе беш нест ва 27 сол аст, ки бо ҳамин дурӯғҳо мардумро фиреб додаистодааст.

Беадолатӣ ва бемантиқӣ дар режими Раҳмон\Барқи тоҷик: аз ин ба баъд ба хотири як муштарии қарздор аз барқ як деҳаву ҷамоат метавонад аз рӯшноӣ маҳрум шавад!

Режими Раҳмон режиме аст, ки борҳо нишон додааст, режими бераҳм, номард, беадолат ва бемантиқ аст.

Аксарияти масъулони режими Раҳмон одамони сангдилу бедилу бераҳманд ва заррае барои мардум дил намесузонанд ва барои хатои як нафар, як деҳа ва ҷамоатро муҷозот мекунанд; масалан агар касе алайҳи Раҳмон гап заду зиндонӣ шуд, аз назари режими Раҳмон ҳамаи оила ва хешу табораш хиёнаткор ҳисобида шуда, ба шадидтарин шиканҷаҳо ва маҳрумиятҳо гирифтор мешавад, ваё агар як нафар аз барқ қарздор шавад, деҳа ва ҷамоатеро ба хотири як нафар аз барқ маҳрум месозанд. Ин чӣ мантиқ ва чӣ навъ одамгарист?! Ин магар ваҳшигарӣ ва ҳайвонгарӣ нест?!

Инсоне ки дил надорад, дилсӯзӣ надорад, худхоҳ аст ва ҳамеша ба фикри шикаму зери шиками хеш аст, аз назари Ислом инсон нест, балки чорпое аст дар сурати инсон. Инсонияти инсон бо дилсӯзӣ ба ҳамнавъон ва хизмат барои онон маълум мешавад, вагарна ҳеҷ фарқе байни инсону ҳайвон нест, ҳамонтавре, ки Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият!

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ (фарқ) миёни нақши девору миёни одамият?!

Аз ҳамин рӯй, дар Ислом таъкид шудааст, ки масъул, раис ва мансабдор бояд касе бошад, ки барои мардум дил бисӯзонад, ғамхори мардум бошад ва худашро дар шодӣ ва ғами мардум шарик донад ба гунае, ки дарду ранҷи мардумро дарду ранҷи худ бидонад ва дар сахтиҳову гирифториҳо бо мардум ҳамдилу ҳамроҳ бошад:

لَقَدْ جاءَکُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِکُمْ عَزيزٌ عَلَيْهِ ما عَنِتُّمْ حَريصٌ عَلَيْکُمْ بِالْمُؤْمِنينَ رَؤُفٌ رَحيمٌ

“Ҳақиқатан барои шумо расул (масъул)-е омад, ки аз худатон аст, ранҷу сахтию фақре, ки мебинед барои ӯ бисёр сахт аст ва ӯ бисёр иштиёқ дорад (ки шуморо аз ранҷу сахтию фалокат берун орад) ва ба мӯъминон рауфу раҳиму раҳмдил аст”. (Сураи Тавба, ояти 128)

Бинобар ин, шахсе, ки сангдилу бераҳму бедил аст набояд мансабдор шавад; чароки вазъ ҳамон мешавад, ки имрӯз дар Тоҷикистон аст. Халқи бегуноҳ аз ҳамаи неъматҳо маҳруманд, аз барқу обу кор ва....

Эмомалӣ Раҳмон гӯши фалакро кар кард, ки Тоҷикистон натанҳо худашро аз барқ таъмин мекунад ва ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, балки ба дигар кишварҳо низ барқ содир мекунад, аммо имрӯз мебинем, ки ин сухан дурӯғе беш нест ва 27 сол аст, ки бо ҳамин дурӯғҳо мардумро фиреб додаистодааст. Ва ин дар ҳоле аст, ки халқи Тоҷикистон то ба ҳол барои сохтмони Роғун чандин миллиард сомонӣ ба монанди “саҳмияи Роғун” додааст, аммо ҳамаи ин пулҳо ба ҷайби Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи шикампарвараш сарозер шуду дигар аз он ҳатто сухане ба миён наомад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Мақомот сабаби камбуди нерӯи барқ дар як моҳи охир дар кишварро шарҳ надода, баръакс, аз сокинон хостаанд, ки пули барқи ба нася гирифтаашонро зудтар супоранд. Масъулони “Барқи тоҷик” рӯзи 29-уми март дар як муроҷиати расмӣ гуфтанд, сокинон аз ширкат як миллиард сомонӣ, муодили сад миллион доллари амрикоӣ, қарздоранд. Ширкати “Барқи тоҷик” дар муроҷиати худ ба мардум гуфтааст, аз ин ба баъд ба хотири як муштарии қарздор аз барқ як деҳаву ҷамоат метавонад аз рӯшноӣ маҳрум шавад. “Дар натиҷаи зам шудани қарзҳо, моро лозим меояд, деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз нерӯи барқ маҳрум кунем”, - омадааст дар матни муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик”.

Сиддиқи Акбар

https://www.ozodi.org/a/29849171.html

general.images