Ба хато рафтааст тоҷик таваллуд шуданам!?

Тарсончакии Э.Раҳмон тоҷикро аз таҳқир дар Русия ба таҳқир дар дигар кишварҳо расонд

Президент ва раҳбари як кишвар симои ҳамон кишвар ва миллат аст ва дар чеҳраи ӯ тамоми миллат ва халқро мебинанд. Агар раҳбари як кишвар мард, шуҷоъ, далер, нотарс ва инсони мусбат бошад, ҳамаи ҷаҳон ҳамаи мардуми он кишварро бо ҳамон сифот мешиносанд.

Аммо агар як одами тарсу, тарсончак, буздил, камъақл, бесавод, ғулом, хор, паст, гадо ва талбанда бошад, ҳамаи ҷаҳон халқ ва миллати он кишварро чунин мешиносанд ва муносибати ҳақирона раво медоранд, ҳамон тавре ки дар Русия тоҷик чунин шудааст ва хортарину тарсончактарину пасттарин халқ шинохта шуда дар ВАО ҳамеша мавриди таҳқиру тавҳин қарор мегирад.

Сабаби ин ҳама таҳқиру тавҳин ба халқи тоҷику тоҷикистонӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Чароки ӯ як инсони тарсончак, тарсу, буздил, гадо, талбанда, бесавод, беор ва беобрӯ аст, ки 30 сол аст раҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, ки дар ин муддат тоҷик ба қашшоқтарину камбағалтарину ҳақиртарин миллати ҷаҳон табдил шуда ва шабурӯз дар расонаҳои кишварҳои мухталиф мавриди таҳқиру тавҳин қарор мегирад.

Тарсончакӣ ва буздилии Эмомалӣ Раҳмон сабаб шудааст, ки пас аз Русия кишварҳои дигар низ ба таҳқир ва тавҳини халқи тоҷик даст зада дар филмҳои пурбинандаи кишварҳояшон онро такрор ба такрор нишон дода, обрӯи як миллатро ба бозӣ гирифта, нисбати фарзандони он миллат таҳқиру тавҳин раво медоранд.

Қазоқистон низ дар филмҳои худ чунин иқдоме карда ва дар филме ки аз тариқи шабакаи саросарии Қазокистон пахш мешавад, сафири Тоҷикистонро одами бесавод хонда, мегӯяд вай тоҷикро як сатил дар дасташ диҳед мошин шӯяд!

Ин саҳнаҳо, таҳқирҳо, тавҳинҳо, ҳақоратҳо, хориҳо ва номардиҳоро мебнам, шеъри устод Лоиқ Шералӣ ба забонам меояд, онҷо ки мефармояд:

Ё ба хато рафта тоҷик таваллуд шуданам!

Сиддиқи Акбар

general.images