БА КОРУ ДАЪВИИ ФИРЪАВН... Исфандиёри Назар

Авзои сиёси, амнияти, иҷтимои ва иқтисоди дар тоҷикистон интиқод ва нигарониро дар байни тамомии ақшори миллати тоҷик ба вуҷуд оварда аст.

Авзои сиёси, амнияти, иҷтимои ва иқтисоди дар тоҷикистон интиқод ва нигарониро дар байни тамомии ақшори миллати тоҷик ба вуҷуд оварда аст.Шоири маъруфи тоҷик, Исфандиёри Назар авзои имрӮзаи Тоҷикистонро дар қолиби шеъри баён карда аст.Ба гузориши пойгоҳи хабарии“Восток-Нюз”  ба нақл аз хабаргузории Паём меоварад:Ба ишқ даъвию сӯзам сари забонӣ нест,Тамоми лаҳза хурӯшам, табам ниҳонӣ нест.Ба номи неки Ватан ҳар замон кашам фарёд,Агарчи дар Ватанам кору зиндагонӣ нест.Ватан ба дасти ду-се дузди хонагӣ вайронШудасту дузд Абубакри достонӣ* нест.Пареш гашта ба ҳар кӯю кишваре мардум,Чу “дар табиати ин гург галлабонӣ нест.*”Ба кору даъвии Фиръавн мебарам ҳасрат,Ки хасми Мӯсӣ чу Фиръавни ин замонӣ нест.Чи мардумест, ки хомӯшу сар ба пеш чу меш?Магар зи хуни Шераку Восеъи балҷувонӣ нест?Умеди раҳму мурувват зи душмане дорад,Ки дар тариқати ӯ раҳму меҳрубонӣ нест.Паямбаре, ки шубонӣ кунад, ҳалолаш бод,Вале паямбари мурсал, ки ҳар шубоне нест.Чаро ба Бердиёи дурӯғин ҳаме сано хонанд,Ки аз табори шаҳе несту ориёнӣ нест?Дамаш ҳалол, бикуш ҳар куҷой золимро,Ки роҳ, - ғайри ин, - ки халқро раҳонӣ нест!16.05.2016 Абубакри Рубобӣ дар назар аст – номи дузде дар осори Мавлоно Убайди Зоконӣ** Ки дар табиати ин гург галлабонӣ нест – Шайх Саъдирост. ,

general.images