Ба “баракати Э.Раҳмон” беш аз 10392 ноболиғ дар Душанбе аз камбағалии волидайнашон аз дарс дур монда ҷинояткор шудаанд!

Дар бекифоятии Эмомалӣ Раҳмон ҳамин бас, ки аҳолии Тоҷикистон ҷойи кор надоранд ва фарзандони ноболиғи ин халқ даст ба гадоӣ зада, аз мактаб дур монда дар синини хурдсолӣ ҷинояткор мешаванд.

Вуҷуди наҳсу номубораки Эмомалӣ Раҳмон дар 27 соли ахир “баракате” аст, ки домангири ҳамаи аҳолии Тоҷикистон шудааст. Вуҷуди ӯ бисёр номуборак, наҳс, мояи бадбахтии халқ ва беобрӯгии Тоҷикистону тоҷикистониҳо шудааст. Ӯ ки ҳамвора аз худаш таърифу тамҷид мекунад ва бар мардум вуҷуди наҳси худро миннат гузошта, талаб мекунад, ки шукри анаҳамин тинҷиро кунед, дар ҳоле ки мардум нони хурдан надоранд.Сабаби бадбахтӣ, камбағалӣ ва қашшоқии халқи тоҷик ва умуман Тоҷикистон, вуҷуди Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ монанди вирусе мемонад, ки ҳамаи системаи ҳаётии бадани инсонро аз кор мемонад. Вирусе ки бисёр хатарноку кушанда аст. Эмомалӣ Раҳмон вируси нобудгари дину таъриху фарҳангу миллату сарзамини тоҷику тоҷикистонист!Ӯ ҳамон вирусе аст, ки агар пешаш гирифта нашавад, дармон нашавад ва ё аз бадан (вуҷуди ҷомеа) ҳазф нагардад, пешрафт карда, зарарнокиаш бештар шуда, дар муддати замони кӯтоҳ инсон ва ҷомеаро ҳалок мегардонад. Ҳамон тавре ки худамон дидем ин вируси нобудгар дар муддати бисёр кӯтоҳ таъриху фарҳанги бойи тоҷикро аз байн бурд ва тоҷикро дар ҷаҳон пасту хору залил гардонд!Дар бекифоятии Эмомалӣ Раҳмон ҳамин бас, ки аҳолии Тоҷикистон ҷойи кор надоранд ва фарзандони ноболиғи ин халқ даст ба гадоӣ, мошиншӯӣ, боркашӣ, пулчинӣ зада, аз дарсу мактаб дур монда дар синини хурдсолӣ ҷинояткор мешаванд, ҳамон тавр ки Шариф Назарзода, сардори пулиси Душанбе ин оморро додааст!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, Шариф Назарзода аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ карда афзуд, ки дар соли 2017 ва 8 моҳи соли ҷорӣ дар пайи 2400 амалиёт кормандони милиса 10 392 ноболиғро барои оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофиркашонӣ, шустани нақлиёт, марказҳои дилхушӣ, савдои кучагӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ба идораҳои умури дохилӣ дастрас кардаанд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images