Баҳои Бордюжа ба суботи Тоҷикистон: Беҳтар аз Аврупост!

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мегӯяд, рӯз ба рӯз вазъ дар Афғонистон муташанниҷтар мешавад.

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мегӯяд, рӯз ба рӯз вазъ дар Афғонистон муташанниҷтар мешавад. Бордюжа имрӯз, 12 феврал зимни нишасти хабарӣ дар пасманзари зиёд шудани бенизомиҳо дар Афғонистон таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистонро зарур хондааст: “Вазъ дар Афғонистон тибқи баҳогузориҳои мо дар ҳоли бадшавист. Бо назардошти ин мо барои таҳкими нерӯи СПАД ва таҳияи барномаи байнидавлатии таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон кор карда истодаем”. Дабири СПАД изҳор доштааст, ки талош мекунанд, ки ба муташанниҷ шудани вазъ дар навоҳии ҳамсарҳад бо Афғонистон роҳ надиҳанд. Ӯ таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон муътадилтар аз бархе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мебошад: “Агар хулосаи умумӣ барорем, ба фикри ман субот дар кишварҳои узви СПАД пешгӯишаванда ва муътадилтар нисбати бархе аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мебошад”. Қаблан Бордюжа дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 рух надодани бетартибиҳо ва тазоҳуроти оммавӣ дар кишварҳои узви созмонро натиҷаи ҳамкории хуби мақомоти амниятии кишварҳои узв хонда буд. Ӯ изҳор дошт, ки СПАД ба нерӯҳои манфиатдор имкон намедиҳад, ки суботи дохилии кишварҳои узви созмонро барҳам занад: “Мо кор мекунем, то ҳаводиси атрофи созмон-терракт, бетартибиҳои оммавӣ ва даргириҳои мусаллаҳона дар дохили созмон ба вуҷуд наоянд”. Ба гуфтаи Бордюжа бархилофи кишварҳои Аврупо, ки соли 2015 шоҳиди бетартибиҳои оммавӣ, даргирӣ ва террор шуданд, дар кишварҳои узви СПАД ҳатто тазоҳурот ба қайд гирифта нашудааст: “Ин натиҷаи кори мақомоти амнияти миллии кишварҳои узви СПАД ва ҳамкориҳо дар доираи созмон мебошад”.Дабири кулли СПАД амнияти иттилоотиро самти асосии дигари фаъолияти созмон хонда, илова намуд, ки тайи соли 2015 даҳҳо сомонае масдуд гардиданд, ки тариқи онҳо созмонҳои ифротӣ таблиғот мебурданд.СПАД - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусияро дар бар мегирад. 

general.images