Бар асари тундбод бархе сохтмонҳои маскунӣ ва давлатии Истаравшан осеб дидаанд

Бар асоси гузоришоти расида, хисороти ворида бар асари тундбод дар шаҳри Истаравшан, беш аз 1 миллиону 313 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки гуфта мешавад эҳтимол дорад, ин хисрот афзоиш ёбад.

Бар асоси гузоришоти расида, хисороти ворида бар асари тундбод дар шаҳри Истаравшан, беш аз 1 миллиону 313 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки гуфта мешавад эҳтимол дорад, ин хисрот афзоиш ёбад.

Бино ба иттилои сокинони шаҳри Истаравшан, боди шадиде ҳудуди соати 04:00-и субҳи 30 март оғоз гашта ва боми бархе аз манозили маскунӣ ва давлатиро хароб намудааст.

Ба гуфтаи намояндагони Ситоди ҳолатҳои фавқулода, дар пайи тундбоди шадид, боми биноҳои беморхонаи марказӣ, маркази саломат, таваллудхона ва чанд бинои шахсӣ тахриб шуда, ҳудуди 10 нақлиёти сабукрав низ зери бомпӯшҳо монда ва осеб дидаанд.

Ба гуфтаи намояндаи Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Истаравшан, хисороти расида аз тундбоди шадид дар ин шаҳр, беш аз як миллион сомонӣ баровард шудааст. Сардори ин ситод, Лутфулло Абдуллоев, гуфтааст, хисороти расида тахминан ба як миллиону 313 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Номбурда гуфтааст, рақами дақиқи хисорот баъди 10 рӯз маълум мешавад: “Чун мардум бо аризаҳои худ аз ин офат муроҷиат намуда истодаанд”.

Хушбахтона тунбод талафоти ҷонӣ дарбар надошт.

general.images