Бархе раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз масъулият сабукдӯш шуданд

Президенти кишвар имрӯз дар раҳбарияти шаҳру навоҳии бархе манотиқ, тағйирот ва ҷобаҷоии кадрӣ анҷом дод ва маҳалли масъулияти баъзе аз масъулонро иваз намуд.

Президенти кишвар имрӯз дар раҳбарияти шаҳру навоҳии бархе манотиқ, тағйирот ва ҷобаҷоии кадрӣ анҷом дод ва маҳалли масъулияти баъзе аз масъулонро иваз намуд.Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, бо дастури шифоҳӣ ва каломии президент, «дар робита бо интиқол ба масъулияти дигар», шаҳрдори Исфара, Даврон Зоҳидзода сабукдӯш шуд ва ба ҷои ӯ, Дилшод Расулзода шаҳрдори Исфара таъин гардидааст.Ҳамчунин бо ин навъ тағйирот, Қодир Арбобзода ва Бобоҷон Ғафуров, раиси ноҳияи Зафаробод, Абдусамад Маннонзода, ноҳияи Ҷаббор Расулов – Сангинмурод Ҳакимзода, ноҳияи Панҷ − Абдуҷон Таваккалзода, ноҳияи Ҷиликӯл, Фазлиддин Хоҷамурод, ноҳияи Шӯробод − Амирхон Икромзода (ба далели расидан ба синни нафақа), аз масъулият барканор шуданд.Раисони нави ин ноҳияҳо ба тартиб, Зафаробод – Сулаймон Зиёзода; Бобоҷон Ғафуров − Зариф Нозирӣ; Ҷаббор Расулов − Комил Салимзода; Панҷ – Маҳмадюнус Сайфиддинзода; Ҷиликӯл − Салоҳиддин Раҷабзода; Шӯробод − Почохон Зарифзода таъин шуданд.

 

general.images