Баррасии дахолатҳои беҷои ’’Академияи улум’’дар суҳбар бо мухолифони режими Раҳмон

Академияи улум гуфтааст ҲНИТ “бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳад аз нав ИНОТ-ро дар хориҷ таъсис бидиҳад ва тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро таҳти султаи худ ҷамъ созад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паёдм, Академияи улуми Тоҷикистон бори дигар ба мавзӯъи мухолифин пардохт ва Ҳизби наҳзати исломиро ба кӯшиши таъсиси як иттиҳоди нави мухолифин муттаҳам кард.Академияи улум гуфтааст ҲНИТ “бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳад аз нав ИНОТ-ро дар хориҷ таъсис бидиҳад ва тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро таҳти султаи худ ҷамъ созад ва даъвии бузургманишиашро ба маърази тамошо бигузорад”.Ин ниҳод “Анҷумани озодандешони тоҷик”, “Гурӯҳи 24” ва дигар гурӯҳу шахсиятҳои мухолифро ба ҳайси номзадҳои потенсиалӣ дар ИНОТ-2 ном бурдааст.Дар ин мавзӯъ сомонаи “Паём” бо се суол масъаларо баррасӣ кард:1- Чаро Академияи улум як ниҳоди илмӣ, тез — тез ба масоили илмӣ, аниқтараш он қисме, ки ба мухолифин рабт дорад, дахолат мекунад?Азимҷони Ваҳҳоб, узви Раёсати олии ҲНИТ:— Албатта ман бовар надорам, ки Академияи улум матлабҳои худ, аз ҷумла изҳороти ахирашро, ки як изҳороти сиёсӣ аст, бе супориши “боло” нашр карда бошад ва бо таҷриба аз гузашта бояд мунтазир бошем, ки ҳатман ниҳодҳои дигар ва шояд Шӯрои уламо, устодони ягон донишгоҳ ё ҳатто “донишҷӯён” ҳам бо чунин мазмун изҳорот бидиҳанд. Вале ба ҳар ҳол вақте дар Академияи илмҳо олиму донишманд вуҷуд надошта бошад, ки ба кори илмӣ машғул шаванд, чӣ кор бояд кунанд? Магар коре осонтар аз пахш кардани изҳорот ҳаст?Алим Шерзамонов, дабири “Анҷумани озодандешони Тоҷик”:— Аз нигоҳи ман ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ба вижа ду ниҳоди дар асл иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Академияи илмҳо ва Шӯрои уламо дар ин чанд соли охир ба ниҳодҳои зерсохтории КДАМ аниқтараш шахсан Ятимов мубаддал гардидаанд. Ҳар бор ё инаш ё онаш ва баъзан ҳар ду ниҳод дар ҳамбастагӣ бо ҳам дар мавриди мухолифини сиёсӣ изҳори назар мекунанд ва одатан хеле хашин. Ба назар чунин мерасад, ки Ятимовро имкони таъсиси як эътилофи оппозитсиюни тоҷик сахт нигарон мекунад ва ин навбат яке аз минбарҳояш ин нигарониро расонаӣ кард.рӯзҳои наздик бояд авангардаш низ бояд дастбакор шавад.Боир Саидов, узви Шӯрои сиёсии ҳаракати “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”— Изҳороти Академияи илмҳои Тоҷикистон вақтҳои охир хеле «фаъол» шудааст ва боиси хушнудӣ мешуд, агар воқеъан ин муасиссаи илмӣ мувофиқи оинномаи худ назари тозаи илмӣ ва дархӯри дарди мардуму миллат изҳор мекард. Вале мутассифона ин тавр нест. Академия дар солҳои рукуди брежневии шуравӣ ях бастааст ва изҳороти он бо штампу ибораҳои забонзадшуда сармақолаҳои рузномаҳои коммунистиро ба хотир меоранд. Ҳоло оҷонсии иттиоолотии “Ховар” назари академикҳоро ба мухолифин мавриди баҳс карор додааст. Ин изҳорот ҳам чун изҳороти қаблӣ ягон далелу бурҳони илмӣ надорад, ибораҳои забонзада, штампҳои идеологии шуравӣ ва пучу холӣ.2- Оё воқеан мухолифин дар садади таъсиси як иттиҳоди нав ҳастанд ва нерӯ ҳам доранд?Азимҷони Ваҳҳоб:— То онҷое, ки ман хабар дорам, сӯҳбату машваратҳо дар ин маврид аз хеле пеш вуҷуд дошт. Ва зарурати якҷоя буданро ҳам мардуми кишвар, ҳатто афроди наздик ба ҳукумат ва ҳам фаъолони сиёсие, ки дар хориҷ ҳастанд, ба хубӣ дарк кардаанд ва тавонашро ҳам доранд. Зеро ҳукумат маҳдуд ба як хонавода шудааст ва атрофиён ҳам аз ин вазъ хаста шудаанд. Аммо инки якҷоя фаъолият кардан кай ва дар кадом шакл сурат мегирад, ҳанӯз маълум нест.Алим Шерзамонов:— Банда чандин бор гуфтам ва боз такрор мекунам, ки эътилофи нерӯҳои мухолифи давлат як амри табиист ва дер ё зуд чунин эътилоф ҳатман шакл мегирад ва аз афташ академик Ятимов чизе мефаҳмидаст, ки имкони чунин як эътилоф сахт боиси нигарониаш шудаст.Боир Саидов— Аввалаш ин даъво асос надорад — на ҲНИТ ва дигар намояндагони оппозисион чунин изҳорот надоданд. Дуввум,Тоҷикистон аз лиҳози геополитик кайҳо дар ҳошияи давлатҳои пасмондаи ҷаҳони севвум қарор дорад ва ба касе даркор нест, ки сармоягузорӣ кунанд, бахусус Ирон, ки бузургдавлати минтақа ва яке аз кишварҳои пуриқтидори дунёст. Ирон ҳамчун давлати дӯсту ҳамзабон то метавонад танхо қарзи ҳамхуниро адо мекунад, кӯмакхои зиёде кардааст ва чун бародари бузург ба беақлиҳои бародари кӯчак бо хирадмандӣ ва афсус назар дорад. Ҳақиқати ҳол он аст, ки давлатдорони тоҷик пулҳои сарватманди иронӣ Бобаки Занҷониро хӯрданд ва намехоҳанд пас бидиҳанд, пули барқи нерӯгохи Сангтуда-2, ки бо сармоягузории Ирон сохта шудааст, намедиханд. Моҷаро аз ин беш нест.Академия даъво дорад,ки созмонхҳи мухолифин чун Анҷумани озодандешони тоҷик ва муасиссони он Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Равшан Темуриён, Саидюнуси Истаравшанӣ, Хаким Раббимпур ва Аюб Эгамов шахсиятҳои шинохта нестанд. Аввалаш агар моҷарои Диссернет намебуд, миллати тоҷик аз ба ном олимҳои тоҷик хабардор намешуд ва мавҷудияти худи Академия ҳам дар ҳаёти кишвар бо он дараҷаи шиносоии миллат нест.Баъдан ҲНИТ ҳизби сиёсист ва табиист, ки ҳадафаш ба сари қудрат омадан ва бо ҳамаи нерӯҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ кардан аст. Агар Академия бихоҳад, ҲНИТ бо онҳо ҳам шояд ҳамкорӣ кунад.3- Агар воқеан чунин нақша вуҷуд дорад, таъсиси чунин иттиҳоде ба Академияи улум ё мардум чӣ зарар метавонад орад, ки ин ниҳод ба ташвиш афтодааст?Азимҷони Ваҳҳоб:— Якҷоя фаъолият кардан барои расидан ба як кишвари озод ва демократӣ барои мардуми кишвар ҳеч зараре надорад, балки ин орзӯ ва хостаи худи мардуми кишвар ва танҳо роҳи расидан ба ҳадаф низ ҳамин аст. Вале агар ”академик” – ҳо ба ташвиш афтода бошанд, шояд ба ин хотир бошад, ки баъд аз чанд сол ва табдил шудани Тоҷикистон ба як кишвари озоду қонунмеҳвар, дигар на “Диссернет” и– хориҷӣ, балки як диссернети дохилии миллӣ барои баррасии асарҳои донишмандони кишвар таъсис хоҳад шуд ва дигар донишмандони хасакӣ ба Академияи улум роҳ нахоҳанд ёфт.Алим Шерзамонов:— Такрор ҳам шавам, боз мегӯям, ки Академияи улум аслан худаш на дар қиссаи оппозитсия ҳасту на эътилофаш. Инҳо фақат матни омоданамудаи КДАМ ро тасдиқ карданду халос, вале чаро имкони таъсиси чунин як эътилоф боиси ташвиши амният ва шахси Ятимов шудаст. Аз нигоҳи ман инҳо заъфи худро дарк кардаанд ва нерӯ гирифтани мухолифин, дар ҳар шакле ҳам набошад, боиси нороҳатиашон шудаст ва аз ҳар воситае истифода мебаранд, ки чунин эътилоф таъсис нашавад, ё агар шавад ҳам ҳар қадар тавонанд онро камрангтар нишон диҳанд.Боир Саидов:— Ин изҳороти Академияи илмҳои Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки маъракаи интихоботии раисҷумҳурии соли 2020 оғоз шудааст. Ҳукумат ва ҳизби ҳукмрони Халқӣ-демократӣ аз имкониятҳои худ истифода мекунад,ки боз сари қудрат бимонад. Хуб мешуд,ки Академия, ки Диссернет шармандаву шармсори ҷаҳон кард, сафи худро аз олимони хасакӣ пок созад ва вазифаи худ — маркази илму фарҳанги миллат гардад. Олимони ҳақиқӣ даргоҳи ин муасиссаи дар гузашта соҳибэҳтиромро тарк мегӯянд, дар кишварҳои дигар фаъолият доранд. Вазифаи олим ба мардуми худ бо илмомузӣ ва кашфиёти илмӣ хидмат кардан аст, на чокарии соҳибмансабони фасодзада. Обрӯи олимро бо ду тангаи сиёҳ нафурӯшанд.

general.images