Бародарзодаи Толиб Айёмбеков аз боздошт озод шудааст

Бародарзодаи Толиб Айёмбеков -- яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки ба гуфтаи мақомот "дар пайи муқобилият бо кормандони пулис", ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар боздошт шуда буд, озод шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Абдураҳмон Айёмбеков, бародарзодаи Толиб Айёмбеков -- яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки ба гуфтаи мақомот "дар пайи муқобилият бо кормандони пулис", ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар боздошт шуда буд, озод шудааст.Телевизиони маҳаллии Бадахшон қаблан хабар дода буд, ки ҳодиса рӯзи душанбеи 15-уми октябр дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон замоне рух дод, ки кормандони пулис панҷ нафарро барои муқобилият ва итоат накардан ба амри кормандони интизомӣ, боздошт намуданд.Бар пояи ин гузориши телевизиони Бадахшон, вақте ронанда дар постгоҳ мошинро нигоҳ надошта ва мехоҳад ба самти дигар фирор кунад, як корманди БДА худро болои қисмати пеши мошин мепартояд. Манбаъ мегӯяд, бо вуҷуди ин, ронанда мошинро нигоҳ надошта, корманди пулисро болои қисмати пеши мошинаш то 300 метр кашола мекунад.Дар ниҳоят, маъмурони пулис мошинро манъ ва ронандаву 4 нафар мусофирони онро боздошт мекунанд, ки дар миёни онҳо Абдураҳмон Айёмбеков низ будааст. Ба иттилои телевизиони Бадахшон, бар пояи ташхис, ҳамаи боздоштшудаҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштанд ва аз дохили мошин миқдори зиёди машрубот низ пайдо шудааст.Толиб Айёмбеков рӯзи 18-уми октябр дар сӯҳбати телефонӣ аз Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан бародарзодаи ӯ Абдураҳмони 21-сола боздошт шуда буд, вале баъди пурсиши кормандони пулис маълум шуд, ки ӯ сархуш набудааст ва бинобар ҳамин, ӯро озод намуданд ва ҳоло дар хона аст.Толиб Айёмбеков афзуд, ки бародарзодааш Абдураҳмони 21-сола дар он мошини "Жигулӣ" ҳамчун мусофир нишаста буд ва аз ҳамроҳони он 4 нафар набудааст. Вай гуфт, он чаҳор нафар айни ҳол дар боздошт қарор доранд ва мувофиқи аъмолашон ҷазо мегиранд. Онҳо дар ҳоли ҳозир дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон нигаҳдорӣ мешаванд.Толиб Айёмбеков дар робита ба вазъ дар Бадахшон гуфт, ки баъд аз ҷаласаи ҳукумати вилоят дар рӯзи 16-уми октябр, дар ҳама кӯчаҳо ва маҳаллҳои Хоруғ постгоҳҳо ташкил кардаанд ва мақомот ҳамоно 8 нафар аз афродеро, ки таслим нашудаанд, мавриди кофтуков қарор додаанд.Рӯзи 12 октябр мақомот гуфтанд, ки дар давоми як моҳи рейдҳо дар Бадахшон аз 21 нафари мавриди ҷустуҷӯ, 11 нафар таслим шудааст ва амалиёт барои ба ҷавобгарӣ кашидани боқимондаҳо идома дорад. Мақомот гуфтанд, ин афрод барои содир кардани ҷиноят дар ҳодисаҳои солҳои гузашта гумонбар ва мавриди ҷустуҷӯ буданд.

general.images