Баргузории ёдбуди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе аз тарафи намояндагони се кишвари форсизабон

Намояндагони маҳофили сиёсӣ, илмӣ ва адабии се кишвари форсизабон дар шаҳри Душанбе ёди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъудро гиромӣ доштанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Садои Хуросон, намояндагони маҳофили сиёсӣ, илмӣ ва адабии се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ёди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбарони ҷиҳоди Афғонистонро гиромӣ доштанд.дар ин маҳфил, ки бо қироати Қуръони маҷид ва фотиҳа дар маҳалли сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон оғоз шуд, суханронон дар бораи саҳми боризи ин ду шахсият дар мубориза алайҳи таҷовузи Шӯравӣ сухан гуфтанд.Аз Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ба унвони кумаккунандагон ба сулҳи Тоҷикистон ёд шуд.Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони милли Афғонистон 9 сентябри 2001 ба дасти Алқоида террор шуд.Ду рӯз пас аз ин ҳодиса, моҷарои 11 сентябр дар Амрико рух дод.Бисёре аз маҳофил Амрико ва ғарбро созмондиҳандаи аслии террори Масъуд ном мебаранд.Чун муътақиданд, агар Масъуд зинда мебуд, ҳузури Амрикоро дар Афғонистон барнаметобид.

general.images