Баргузории интихоботи миёндавраии порлумонӣ дар ду ҳавза дар Тоҷикистон

Интихоботи миёндавраии порлумонӣ имрӯз дар ду ҳавзаи интихобияи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Интихоботи миёндавраии порлумонӣ имрӯз дар ду ҳавзаи интихобияи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд баргузор шуд. ба нақл аз сайти Камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, Абдуманнон Додозода, сухангӯи ин камиссиюн эълом кардааст, ки дар ҳавзаи интихобияи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе 4 номзад аз аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, демократ, кишоварзӣ ва халқӣ-демократӣ барои вуруд ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ҳам рақобат кардаанд.Ба гуфтаи ин мақоми Камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, дар ҳавзаи интихобияи Ҷаббор Расулов дар Суғд ҳамду номзад аз аҳзоби халқӣ-демократӣ, кишоварзӣ ва як номзади мустақил бо ҳам рақобат карданд.Дар ин интихобот ҳама номзадҳои интихоботи миёндавраии порлумонӣ дар Тоҷикистон намояндагони аҳзобе ҳастанд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2014 муваффақ ба касби курсиҳои Маҷлиси намояндагони ин кишвар шудаанд. Аз ин рӯ номзадҳои аҳзоби мухолифи коммунист ва сотсиал- демократ дар ин интихобот ҳузур надоранд.

general.images