Баргузории давраи омӯзишии мубориза бо ифротгароӣ дар Сафорати Амрико дар Душанбе

Коршиносони амрикоӣ барои кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон давраи омӯзишии муқобила бо ифротигариро оғоз кардаанд.

Коршиносони амрикоӣ барои кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон давраи омӯзишии муқобила бо ифротигариро оғоз кардаанд. Сафорати Амрико дар Душанбе эълом кардааст, ки барои 22 корманди масъул дар вазоратхонаҳои дифоъ ва умури дохилӣ, Кумитаи давлатии умури дин ва Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон давраи  омӯзишии муқобила бо ифротигариро оғоз кардааст.Гуфта мешавад, ки ин давраҳои омӯзишӣ дар чорчӯби барномаи солонаи фармондеҳии марказии Амрико барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баргузор мешавад.Мутахассисони амрикоӣ, намояндагони Маркази донишафзоии нерӯи дарёии Иёлати муттаҳида ҳастанд, ки қарор аст кормандони масъули вазоратхона ва ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистонро аз илал ва авомили рушди ифротигарӣ огоҳ кунанд.Дар баёнияи Сафорати Амрико таъкид шудааст, ки ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишии муқобила бо ифротигарӣ аз сӯйи мутахассисони амрикоӣ дар Тоҷикистон, афзоиши тавоноии ниҳодҳои давлатии ин кишвар барои муқобила бо таҳдидоти террористӣ ва ҳамоҳангӣ миёни давлатҳои Вашингтон ва Душанбе, дар шиносоӣ ва хунсосозии таҳаррукоти гуруҳҳои ифротӣ аст.Дар торихи 23 январ Сафорати Амрико дар Душанбе иқдом ба баргузории размоиши муштараки амниятӣ бо нерӯҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кард, ки навъе натиҷагирӣ аз давраи омӯзишии семоҳа барои кормандони интизомии Тоҷикистон ба ҳисоб меомад. Ин давраҳои омӯзишӣ ва размоиши муштараки амниятӣ бо кӯмаки молии бахши амнияти Сафорати Амрико баргузор мешавад.Сафорати Амрико дар Душанбе дар ҳоле давраҳои омӯзишии мубориза бо ифротигариро барои кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон баргузор мекунад, ки ба эътиқоди коршиносон, яке аз муҳимтарин далоили рушди ифротигарӣ дар минтақа, сиёсатҳои мудохилаҷӯёна ва ҳузури низомии Амрико дар минтақа аст.

general.images