Узбакистон

Афзоиши чашмгири мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Раиси гумруки Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷӯҳи мубодилаи тиҷории ин кишвар ва Узбакистон дар соли гузашта хабар дод.

Хуршед Каримзода, раиси гумруки Тоҷикистон дар нишасте хабарӣ гуфт: “Мубодилаи тиҷорӣ миёни ин кишвар ва Узбакистон дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2015 ба таври қобили таваҷҷӯҳе рушд кардааст.”

“Гардими молӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ки 4 соли қабл 14.5 миллион долларро ташкил медод дар соли гузашта то 281.5 миллион доллар афзоиш ёфтааст.” -афзуд раиси гумруки Тоҷикистон.

Каримзода идома дод: “Содироти истеҳсолоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2015, 8.8 миллион долларро ташкил медод аммо ин рақам дар соли 2018, 155.3 миллион долларро такшил додааст.”

Соли 2018 равобити Тоҷикистону Узбакистон беҳбуд ёфт ва миёни 2 кишвар тавофуқномаҳои мухталифе ба маблағи беш аз 300 миллион доллар ба имзо расид.

Бино ба сӯҳбатҳои раиси гумруки Тоҷикистон, Узбакистон тайи ин солҳо вориди руйхати 5 шерики тиҷории Душанбе шудааст. Дар ҷараёни сафари моҳи августи соли 2018-и раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои узбаки вай гуфт, ки дар таомулоти ду кишвар фурсатҳои истифоданошудаи зиёде вуҷуд дорад ва бо тадовуми кор бо чунин суръате мо метавонем базудӣ ҳаҷми гардими молӣ миёни ду кишварро то 500 миллион доллар афзоиш диҳем дар воқеъ зарфияти мо ҳадди ақал 1 миллиард доллар аст.

Ба ин тартиб, Русия бо беш аз 1 миллиард доллар, Қазоқистон 836 миллион доллар, Чин беш аз 651 миллион доллар, Туркия бо 402 миллион доллар ва Узбакистон бо беш аҳ 281 миллион доллар 5 шерики аслии тиҷории Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Барқ ва семент аз муҳимтарин муҳсулоте мебошанд, ки Тоҷикистон ба Узбакистон содир мекунад ва ин кишвар дар навбати худ ба Тоҷикистон ба таври умда газ ва истеҳсолоти мухталиф ворид мекунад.

general.images