Аср, асри 21, аммо мактабҳои ҶТ бо бекифоятии Э.Раҳмон мувофиқи асри ғорнишинӣ

Хонандагони ду мактаби миёна дар Ваҳдат дар ин фасли сард дар дарсхона маҷбуран палто дар тан дарс бихонанд, чунки синфхонаҳо бо гармӣ таъмин карда нашудаанд.

Асри 21 асре аст, ки инсон ба пешрафтатарин даврони худ расида аст ва чунон пешрафт кардааст, ки дигар сайёраҳоро таҳти кантроли худ даровардааст. Дар асри 21 ҳатто беодамтарин ва дуртарин ҷой ва маконҳои кишварҳои пешрафта барқу гармодеҳӣ дорад ва ҳайвонон низ дар беҳтарин шароити зиндагӣ ба сар мебаранд.Дар канори асри 21, ки авҷи пешрафти инсон аст, асри дигаре аст ба номи “асри ғорнишинон". Дар асри ғорнишинӣ, инсонҳо дар ибтидоитарин шароити зиндагӣ мезистанд ва ҳеҷ шароите ҷуз даруни ғор надоштанд ва ҳамеша дар торикию сармою сардӣ зиндагӣ мекарданд.Мудирият ва идоракунии инсони майнӯшу бекифоят метавонад зиндагии миллионҳо инсони асри 21-ро ба инсони асри ғорнишинӣ расонад. Эмомалӣ Раҳмон мудири бекифоят ва белаёқате аст, ки инсонҳои асри 21-ро дар Тоҷикистон ба инсонҳои асри ғорнишинон расонд ва дар ҷаҳон тоҷикро ғулому бесаводу фақиру бекифоят нишон дод, ки мутаассифона имрӯза тоҷикро фақат ба сифатҳои паст мешиносанд.Дар асари бекифоятӣ ва нолаёқатии мудирияти Эмомалӣ Раҳмон, ҷумҳурии Тоҷикистон торикистоне аст, ки шароити зисти аҳолии он аз давраи ғорнишинӣ бадтару пасттар аст; чароки илова бар торикию сармои давраи ғорнишинӣ, ғуломигарии давраи феодалӣ ва бераҳмиҳои асри санг бар тоҷик ҳоким гашт.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, хонандагони ду мактаби миёна дар Ваҳдат дар ин фасли сард дар дарсхона маҷбуран палто дар тан дарс бихонанд, чунки синфхонаҳо дар ин мактабҳо ба таври доимӣ бо гармӣ таъмин карда нашудаанд. Манбаъ АхборХабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images