Асарҳои дигароннавиштаи Э. Раҳмон чӣ тавр пурфурӯштарин китоб шуданд?

Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, дар ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон тамаллуқ задан зинае барои боло рафтан дар мансаб аст. Ӯ гуфт, нигаҳ доштани аксу китобҳои президент ва дар гуфторҳои расмӣ истифода кардани иқтибос аз суханонаш, хоси ҷомеаи авторитарӣ ҳаст.

То кунун китобҳое ки ба номи Э. Раҳмон навишта шудаанду ба ӯ нисбат медиҳанд 20 китоб аст ва китобҳои ба истилоҳ бо қалами Эмомалӣ Раҳмон пурфурӯштарин китоби Тоҷикистон аст. Ҳамон тавр, ки маълум аст Эмомалӣ Раҳмон, на саводе дорад, то китоб бинигорад ва на, дирояте дорад, то масъалаеро таҳлилу баррасӣ намояд ва на, ҳавсалае дорад, ки кайфу сафояшро тарк кунаду қалам ба даст гирад. Аз ҳамин сабаб китобҳое ки навишта шудаанду ба ӯ нисбат дода шудаанд, дигарон он китобҳоро навиштаанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯи он китобҳои номи худро гузошта, ба ҳама суфориш додааст, то китобҳои ӯро бихаранд. Аз ҳамин сабаб ҳар касе ки соҳибмансаб мешавад аввалин коре ки мекунад, китобҳои Э. Раҳмонро харида дар утоқаш (кабинет) витрина мекунад. Бо ин суфоришот буд, ки ҳамаи мақомоту мактабҳою китобхонаҳо маҷбур шуданд, китобҳои ба истилоҳ нависанда- Эмомалӣ Раҳмонро бихаранд. Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ, рӯзи 10-уми июн гуфт, дар ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон тамаллуқ задан зинае барои боло рафтан дар мансаб аст. Ӯ гуфт, нигаҳ доштани аксу китобҳои президент ва дар гуфторҳои расмӣ истифода кардани иқтибос аз суханонаш хоси ҷомеаи авторитарӣ ҳаст. Ӯ афзуд, “ин намунаи рӯшани як ҷомеаи авторитарӣ ҳаст, ки тамаллуқ ба шахси аввал марҳила ба марҳила ва дар ҳама соҳа рушд мекунад. Инро ҳоло дар корҳои илмӣ ҳам мушоҳида мекунем. Аксари корҳои илмие, ки анҷом мешавад, назар ба таҳқиқ чизеро рӯшан кардан бештар ҷанбаи тамаллуқкориашон зиёдтар аст. Ҳатман, дар тамоми корҳои илмӣ аз гуфтаҳои президент иқтибос меоранд. Фарқ намекунад, ки он кори илмӣ дар бораи математика ҳаст ё таърих. Як чизе пайдо мекунанд, ки ба он рабт мегирад. Бисёриҳо ба хотири боло рафтан дар зинаҳои мансаб ин корро мекунанд, чун аз таҷриба медонанд, ки натиҷа медиҳад”.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images