Асардуздии боз як “олим” ва соҳибмансаби ҶТ, раиси Барқи Тоҷик, ошкор шуд

Пойгоҳи "Диссернет” боз 8 олими дигар аз Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ширкати "Барқи Тоҷик” Аслӣ Назаровро ба асардуздӣ айбдор кард.

Имрӯзҳо дар сайтҳои хабарӣ дуздии ба истилоҳ “олимон ва донишмандон”-и тоҷик бо далоили мӯҳкаме ошкор шудаистодааст. Аз хондани ин дуздиҳои илмӣ ин матлаб дар зеҳнам меояд, ки ҳамаи вазирону раисону Тоҷикистон ва ҳатто шахси аввал ва фарзандонаш низ корашон фақат дуздӣ ва ғоратгарӣ аст, ки то ба ҳол баъд аз ҳукумати 26 сол ҳанӯз ҳам андар хами як кӯчаанд.Дар бесаводӣ ва ё “чаласаводии” мақомоти Тоҷикистон ягон шакку шубҳае вуҷуд надорад ва на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи ҷаҳон бесаводии мақомоти тоҷикро медонанд ва то ба ҳол садҳо бор тасвири онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидаанд, ки намунаи боризи он сӯҳбати ду вазири Тоҷикистон, Нуриддин Саид вазири маориф ва илм, Бег Зуҳур вазири алоқаи Тоҷикистон мебошад. Ҳамонтавре ки мегӯянд: “мушт намунаи харвор” аст, ин ду вазири Тоҷикистон низ муште аз намунаи харворанд, ки бо ин ҳисоб аз дам ҳамаи мақомоти Тоҷикистон бесаводанд. Бесавод будани “кордонон” ва “хирдмандон”-и Тоҷикистонро 26 сол ҳукумати ақибмонда ва ҳар рӯз бадтар аз дирӯзи Тоҷикистон шоҳидӣ медиҳад. Қашшоқӣ, бадбахтӣ, фақру камбағалӣ, фасоду фасодзадагӣ ҳама натиҷаи бесаводӣ аст, ки болотарин омори он дар мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла вазорати маориф аст, ки тибқи омори расмӣ фасодзадатарин вазорати Тоҷикистон дар соли 2017 шинохта шуд.Барқ надоштани Тоҷикистон дар асри кайҳон худ гувоҳ бар он аст, ки раиси Барқи тоҷик бесавод аст ва ҷойгоҳи илмии худро аз дуздӣ ба даст овардааст. Дуздии ҷойгоҳи илмии Барқи тоҷик ва исбот шудани он дар сайтҳо худ далели равшан бар иддаои мост.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, пойгоҳи "Диссернет” боз 8 олими дигар аз Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ширкати "Барқи Тоҷик” Аслӣ Назаров (Аслиддин Назарзода)-ро ба асардуздӣ айбдор кард. Аслӣ Назаров, ба навиштаи "Диссернет”, рисолаашро аз рисолаи Сайфулло Амонов рӯбардор карда, Парвизҷон Орзуев, як олими дигар, дар матни рисолаи рӯбардоршудааш фақат "корхонаи консерваи шаҳри Налчик”-ро бо "комбинати шири Душанбе” ва "Доғистон”-у "Кабардину Балқар”-ро ба "Тоҷикистон” иваз кардааст. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images