Алигархи тоҷик, бо тақдими 19 млн доллар ба оилаи Раҳмон, аз зиндон озод шуд

Ҷамшед Абдулов, раиси боздоштшудаи ширкати “Олими Каримзод” ва молики фабрикаи нассоҷии “Олим Текстайлз” бо ситонда шудани 19 миллион доллар, озод шуд.

Раиси ширкати “Олими Каримзод” ва молики фабрикаи “Олим Текстайлз”, ки аз тарафи мақомоти Тоҷикистон муҷрим шинохта шуда, боздошт шуд, бо пардохти 19 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон (ё дақиқтараш ба оилаи Э.Раҳмон) аз зиндон озод шуд.Аз чораандешиҳои мақомоти Тоҷикистон фаҳмида мешавад, ки ин инсон муҷрим набуда, балки оилаи нодида ва “чашмгушна”-и Эмомалӣ Раҳмон ба пули ӯ тамаъ карда, бо ҷурмтарошӣ тавонистанд ҳам 19 миллион доллари ӯро аз они худ кунанд ҳам инки тамоми фабрика ва ширкатҳои ӯро тасоҳуб карданд.Ин корро дар истилоҳи “ғорат ва ғоратгарии замонавӣ” меноманд; чароки гӯё аз тариқи қонуну додгоҳ як одами сармоядорро муҷрим дониста, ҳамаи бойгарӣ, дороӣ, хона, мошин ва пули ӯро мусодира (конфисковать= ғорат) мекунанд. Ин навъ ғоратгарӣ дар Тоҷикистон тавассути оли Раҳмон ва наздиконаш роиҷ аст ва дар ду се соли охир даҳҳо нафар аз ҳамин тариқ ғорат шуданд ва ҳамаи бойгариашон ба ҳисоби оли Раҳмон гузаронида шуд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Таҷинфо, дар Тоҷикистон, Ҷамшед Абдулов, раиси боздоштшудаи ширкати “Олими Каримзод” ва молики фабрикаи нассоҷии “Олим Текстайлз” бо ситонда шудани 19 миллион доллар, озод шуд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images