Алайҳи расонаҳои Тоҷикистон ҳукм содир шуд

Мансабдорон тасмим гирифтанд озодии баёнро дар Тоҷикистон маҳдуд кунанд.

Порлумони Тоҷикистон дирӯз такмилае роҷеъ ба ислоҳи қонун дар мавриди ВАО фиристод, ки боиси баҳсҳо дар ҷомеа шуд. Як рӯз пеш Иттифоқи журналистон, Шӯрои васоити ахбори омма, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва ташкилоти Хома баёнияеро интишор намуданд, ки дар он ибтикороти давлатро талоше барои машрӯият бахшидани сензураи ВАО дониста мешуд.

Рӯзноманигороне, ки ба порлумон даъват шуда буданд, муваффақ шуданд вакилонро қонеъ созанд, ки дар тасвиби қонун саросемагӣ накунанд. Ва дар паи он, дар ҷомеаи рузноманигорони Тоҷикистон, тасмими вакилонро як гом ба сӯи муваффақият арзишёбӣ карда, ибрози умедворӣ намуданд, ки “ислоҳоти зиддирасонаӣ қабул нахоҳанд кард”.

Сухан дар бораи он аст, ки бо пешниҳоди масъулони прокуратура, фаъолияти расонаҳои тахаллуфкор эҳтимол аст, ки барои се моҳ тавассути Вазорати фарҳанг – ташкилоте ки ВАО−ро ба сабт мегирад − таълиқ шавад. Аммо “ин лоиҳа маҳдудкунанди озодии баён аст, чаро ки аъзои сабткунанда ва прокуратура ҳаққи онро доранд, ки фаъолияти ҳама навъ ВАО−ро мутаваққиф кунанд, ки ин худ амалан иҷро кардани тартиби ғайридодгоҳии мамнуияти фаолияти ВАО мебошад”,− гуфта шудааст дар баёнияи чаҳор ниҳоди рузноманигорӣ.

Дируз бо пешниҳоди сухангӯи Маҷлис, Шукурҷон Зуҳуров, ки нишасти порлумонӣ баргузор шуд, аз хабарнигори Азия-плюс Аваз Юлдошев дархост шуд, назари худро роҷеъ ба ислоҳияи қонуни расонаҳо бигуяд, ки ӯ низ изҳор дошт: «Ишқи мо ба Ватан камтар аз дигар мақомоти давлатӣ ва вакилони Порлумон нест. Яке аз дастовардҳои Тоҷикистони мустақил озодии баён ва ВАО дар кишвар мебошад». Юлдошев изҳор дошт, ки мушкилоте, ки байни рузноманигорон дар мавриди ислоҳияи қонун эҷод шуд, он буд, ки аҳаде намедонист, ки сӯҳбат дар мавриди чӣ аст, зеро ислоҳия дар шароити маҳрамона тарроҳӣ мешуд.

Баъд аз музокирот вакилон лоиҳаро барои такмил фиристоданд, ки комиссия махсус истилоҳҳоеро барои мувофиқаткунӣ бо лоиҳаи мавриди назар тадорук дида истодаанд. Лоиҳа барои таъйид ба Маҷлис ҳафтаи оянда фиристода хоҳад шуд.

Тибқи назари коршиноси мустақилли тоҷик, доктори улуми ҳуқуқӣ Шокир Ҳакимов, ислоҳияи қонун дар бораи ВАО, барои он тасвиб мешавад, ки битавон бидуни мушкилӣ раъйпурсии умумӣ дар мавриди Сарқонун иҷро шавад ва такассури афкору озодии андешаву баён нисбат ба ислоҳияи Сарқонун маҳдуд гардад.

«Боиси таассуф аст, ки пеш аз раъйпурсӣ, ки дар тобистон баргузор хоҳад шуд, вакилони порлумон тасмим гирифтанд, қонуни нав қабул кунанд, қонуне ки фаъолияти ВАО−ро маҳдуд кунад. Тағйири қонуни ВАО дар идомаи қонуне қабул шудааст, ки чанде пеш, муассисоти иҷтимоӣ ва адвокатуриро зери назари мустақими мансабдорони иҷроӣ дароварда буд» - гуфтааст Ҳакимов.

Аз назари вай, дар ин матн, ислоҳоияи қонуни ВАО низ дохил мешавад, ки тақдири он ба дасти Вазорати фарҳанг хоҳад афтод: «Стратегияи қабули қонунҳои нав дар он аст, ки озодии андешаро дар остонаи раъйпурсӣ маҳдуд кунанд, чаро ки мумкин аст, ки тавассути намояндагони аҳзоб ва коршиносон суханҳои зидду нақизе содир шавад, ки бо мафодди раъйпурсӣ мухолифат дошта бошад. Дар сурати бурузи нашрияҳои алтернативӣ, мансабдорон метавонанд иқдомоти ҷазоие алайҳи ВАО бигиранд, ки пеш аз ҳама матбуот ва нашрияҳои мустақил аст. Нашрияҳое, ки ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ кам ҳастандт».

Дар мавриди иҷроӣ намудани сензура, Ҳакимов мегӯяд ин иқдом дар тоҷикстон хеле вақт аст, ки амал мекунад, ба а унвони мисол, соли гузашта тамоми сайтҳое, ки ба мазоқи ҳукуматдорон муносиб набуд, масдуд шуданд.

Коршиносон мегӯянд, ҳукумат роҳи эъмоли фишорро интихоб карда аст. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш порлумон чанд ислоҳияи калидие дар қонун қабул кард. Яке аз он ислоҳияҳо ин аст, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 арсари қудрат қарор гирифтааст, ин имконро медиҳад, то битавонад бидуни маҳдудият дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад гардад. Ислоҳияи дигар, низ маҳдудияти синнии номзади раёсати ҷумҳуриро ба 30 сол коҳиш дод, ки аз ин тариқ ба писари Эмомалӣ Раҳмон - Рустам ин имкониятро медиҳад, то дар интихоботи соли 2020 ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ дар интихобот ширкат намоянд.

Ва билахира як ислоҳияи дигар низ дар роҳ аст, ки бар асоси он аҳзоби сиёсӣ таҳти контроли давлат медароянд. Тибқи ин ислоҳия, ҳеҷ ҳизбе ҳақ надорад, характери динӣ дошта бошад ва низ таъсиси ҳизби характери динӣ дошта мамнӯъ аст.

ЛОзим ба ёдоварист, баъд аз ҷанги 1992−1997 қонуни Тоҷикистон ҲНИТ-ро ба расмиятшинохт. Аммо ҲНИТ дар моҳи сентябри 2015 бо иттиҳоми қасди табаддулоти мусаллаҳона муҷрим шинохта шуда ва ба унвони ҳизби терористӣ муаррифӣ гардид.

Коршиносон муътақиданд, ки давлатмардони Тоҷикистон режими худро дар хатар мебинанд ва эҳсос кардаанд, ки чизе онҳоро таҳдид мекунад, аз ҳамин сабаб бо ҳар навъ фаолияти сиёсии ҳар шаҳрванде бархурди ҷиддӣ мекунанд.

general.images