Агар Эрон пуштибони ҲНИТ мебуд, ҲНИТ кайҳо қудратро дар даст гирифта буд!

Андрей Серенко, олими сиёсӣ, коршиноси барҷастаи маркази русии мутолиоти Афғонистони муосир: Агар Эрон пуштибони ҲНИТ мебуд, ҲНИТ кайҳо қудратро дар даст гирифта буд!

Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи бисёр манфур ва мутанаффире шудааст, ки якояки аҳолии Тоҷикистон дар чеҳраи ӯ рӯи хугро мебинанд.

Сабаби ин ки Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама шӯмрӯй ва мазмум шудааст ин аст, ки бо тамоми тавон алайҳи тоҷик тохт, дар қатл ва ғорати тоҷик аз ҷаддаш Чингизхон пешӣ гирифт ва бераҳмию сангдилиро дар ҳадди аълои он бар сари мардуми тоҷик пиёда кард.

Ӯ танҳо ҳизберо ки рақиби худ медонист, бо макру ҳилаҳои шайтонӣ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун кард ва касонеро ки дилсӯзи мардуми Тоҷикистон буда, барои якояки аҳолии он дил месӯзонданд, душман эълом кард, то аз курсии президентӣ - ки ба хотири он 27 сари сол аст хуни мардумро мемакад ва оилаҳои бисёреро доғдор мегардонад – нигаҳдорӣ кунад.

Аммо ҳамаи ин туҳматҳою афсонабофиҳо дурӯғе беш набуд ва афсонае буд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои тарсондани аҳолии Тоҷикистон онро нақл мекард, то мардум монанди қиссаи “бузаки ҷингилапо” ба он одат кунанд ва ҳизбҳои мухолифи Раҳмонро ҳамон гурге донанд, ки алул, булул ва хиштаки сари танӯри бузаки ҷингилапо (Э.Раҳмон)-ро қасди хӯрдан дорад!

Дар қиссаи бузаки ҷингилапо, қаҳрамони он бузаки ҷингилапо аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсияти онро бозӣ мекунад, алулу булул ва хиштаки сари танур низ аҳолии Тоҷикистонанд ва гурге, ки қасди хӯрдану даридану куштану нобуд карданро дорад, ҲНИТ аст.

Ин достоне аст, ки Эмомалӣ Раҳмон онро барои аҳолии Тоҷикистон бофтааст. Аз ҳамин рӯй қиссаи бузаки ҷингилапое даркор буд, то алул, булул ва хиштаки сари тануре (аҳолии Тоҷикистон) бошанд, бузаки ҷингилапо (Э.Раҳмон)-е бошад ва гург (ҳизбҳои мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ)-е бошад.

Аммо касе ки ин гурги даррандаю ваҳшию хунхорро ҳимоят мекунад, Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки чанд сол аст Э.Раҳмон бо гуфтани кишвари дар нохунак “дӯст” гуфта, филмҳои ҳуҷҷатии қатлу террорро ки гӯё ҳамаи он ба фармони Эрон буд ва Эрон сабаби ҷанги шаҳрвандӣ шуда гуфта, онро сахт мазаммат мекунад, дар ҳоле ки дурӯғи ошкоре буд, ки худи Э.Раҳмон низ ба он бовар надошт.

Агар Эрон аз ҲНИТ ҳимоят мекард, ҳукумати Тоҷикистон кайҳо дар дасти онҳо мебуд- мегӯяд коршиноси сиёсии рус.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Са-портал: Овозаи ҳамкорӣ байни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Теҳрон беш аз ҳадд муболиға шудааст. Ба унвони мисол, онтавр, ки маълум шудааст, ду сол мешавад, ки ягон узве аз аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар қаламрави Эрон вуҷуд надорад, ҳамаи онҳо муддатҳо пеш ба кишварҳои Аврупоӣ кӯч кардаанд. Теҳрон низ ҳеҷгуна ҳимояте аз ҳизби Муҳиддин Кабирӣ намекунад – агар Теҳрон ҳақиқатан пуштибони ҲНИТ мебуд, ҲНИТ муддатҳо пеш қудрати Душанберо ба даст мегирифт!”-мегӯяд Андрей Серенко.

Сиддиқи Акбар

Манбаъ: http://www.ca-portal.ru/article:50695

general.images