Авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст

Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар бо интишори гузорише аз бадтар шудани авзоъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, дар соли 2015 ибрози нигаронӣ кардааст.

Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар бо интишори гузорише аз бадтар шудани авзоъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, дар соли 2015 ибрози нигаронӣ кардааст.Ба гузориши сойти CA News, ин созмон таъкид кардааст, ки  дар соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон бо фишори шадид бар мухолифони на чандон қудратманди ин кишвар аз ҷумлаи Ҳизби наҳзати исломӣ, аъзо ва тарафдорони ин гурӯҳи исломиро ба иҷбор водор ба тарки ин ҳизб кардааст.Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ҳукми мамнӯияти фаъолияти танҳо Ҳизби сиёсии исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказиро содир ва бо ангезаҳои сиёсӣ беш аз 200 нафар аз аъзо  ва се вакили мудофеъи ин гурӯҳи исломиро боздошт кардаанд.Дар ин гузориш ҳамчунин ангезаи зиндонӣ шудани Аминҷон Гулмуродзода, Зайд Саидов, Шӯҳрат Қудратов ва Мақсуд Иброҳимовро сирфан сиёсӣ унвон кардааст.Дар ин гузориш аз идомаи бастани сомонаҳои интерентӣ, маҳдӯд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон, таҳаммул накардани андешаҳои мухолифон ва афзоиши фишор бар гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба унвони мисдоқи нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2015 ёд шудааст.Ин созмон аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон хостааст, ки ба фишор бар мухолифони худ ва таъқиби онҳо поён диҳанд, зиндониёни сиёсиро озод ва бо созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башарӣ ҳамкорӣ кунанд.

general.images