Абдумаҷид Достиев: Ваҳдат якҷониба нест. Ҳеч кас миннат накунад / Дар ҷараёни ҷанг, Ҳеч кас бегуноҳ нест

Абдумаҷид Достиев –собиқ ҳамраиси Комиссияи оштии миллӣ ва сафири пешиниТоҷикистон дар Русия – дар рӯзҳои таҷлил аз Ваҳдати миллӣ гуфт, ки “сулҳ ҳосилизаҳмати ҳамаи тоҷикистониҳо аст. Ҳеч кас миннат накунад. Рӯшан мегӯям, қишри ба балоғат расидаи давраи ҷанг ҳама гунаҳкоранд. Ҳеч кас бегуноҳ нест. Мо дар Теҳрон бо ҳамин нукта музокироти сулҳро оғоз карда, ба мусолиҳа расида будем”

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Озодӣ; Достиеви 72-сола рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сар задани ҷанг ҳамаи одамони болиғи он замон гунаҳкоранд."Касе чӣ коре кард, барои худаш кард. Барои ҷамъияту зану фарзандаш кард. Ҳеч кас миннат накунад. Рӯшан мегӯям, қишри ба балоғат расидаи давраи ҷанг ҳамагунаҳкоранд. Ҳеч кас бегуноҳ нест. Мо дар Теҳрон бо ҳамин нукта музокироти сулҳрооғоз карда, ба мусолиҳа расида будем", - афзуд ӯ.Абдумаҷид Достиев гуфт, ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад ва барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ даъват нашудааст. Аммо гуфт, аз даъват нашудан ба ин маъракаи расмӣ хафа нест."Ҳамин ки озодам ва мебинам мардум хушҳоланд, беҳтарин ид аст. Мо рӯзҳоеро дидем, ки беҳад талх буд. Фарзандон дар ҳар куҷо пинҳон мешуданд. Аз оғози нооромиҳо дарсоли 1992 то охирин лаҳзаи мусолиҳаро нукта ба нукта дар ёд дорам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯшнамешавад. Кӯдакони давраи ҷанг хеле зуд пир шуданд…"Абдумаҷид Достиев дар идомаи суҳбат аз давраҳои музокироти сулҳ ва кори Кумисюни оштии миллӣ низ ёдоварӣ кард ва гуфт, ҳарду ҷониб барои ваҳдати миллӣ талош доштанд. Ӯ гуфт, ба истиснои чанд намояндаи мухолифин (азонҳо ном набурд), ки дар Кумисюни оштии миллӣ фаъолият доштанд, ба ҳамаашон эҳтиром дорад.Достиев афзуд,"ҳама сулҳ мехост, ҳама заҳмат мекашид. Кумисюн бар асоси муҳлатимуайян фаъолият дошт ва мо кӯшиш кардем, зуд масъалаҳоро ҳал кунем. Боз мегӯям,як-ду нафар инро намехостанд. Дигар ҳама бо азми қавӣ хостори оромиву субот буд." Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон рӯзи27-уми июни соли 1997 ва баъди 5 соли ҷангу хунрезӣ ба даст омадааст. Баъди се соли музокироти сулҳ, ки соли 1994 шурӯъ шуд, созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллои Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо карданд.Вале то расидан ба ин тавофуқ ва имзои санади сарнавиштсози сулҳ, беш аз100 ҳазор нафар кушта шуда, садҳо ҳазор нафар ба Афғонистон гурехтанд."Ҷашн якҷониба нест"Дар солҳои аввали ҷашни ваҳдати миллӣ дар қатори намояндагони мақомот намояндагони мухолифин ҳам дар ҷашнҳои расмӣ иштирок мекарданд ва паҳлӯи якдигар менишастанд. Баъдан тарафи мухолифин шикоят карданд, ки онҳоро натанҳо ба ҷашнҳо даъват намекунанд, балки ба унвони тарафи дигари сулҳ эътироф наменамоянд. Абдумаҷид Достиев гуфт, ин ҷашн якҷониба нест. "Мо низ хидмат кардем, вале вақте даъватнамекунанд, хафа намешавем. Чунки ҳамон рӯзҳо бо ҳамон даҳшатҳояш ҳар чи зудтар азёдҳо равад, беҳтар аст.”Достиев дар ин суҳбаташ ба масъалаи китобҳои бахшида ба таърихи ҷанг ва сулҳи тоҷикон ҳам ишора кард. Гуфт, аксари ин китобҳо тавре навишта шудаанд, ки"бостоншиносон дар бораи давраи биринҷӣ бо тахмину ҳадс асар навиштаанд".Озодӣ

general.images