Нигоҳе ба далелҳои масҷидбандии Тоҷикистон
Режими Раҳмон режиме аст, ки солҳост алайҳи дину Ислому Қуръону мусулмон ба ҷанг бархоста, ҳазорон масҷиду мадрасаро вайрон карда, аз сузонда шудани Қуръон ҳимоят карда, мусулмонони Тоҷикистонро террористу экстримист гуфта, ба қатлу зиндону ғорату тороҷи онон пардохтааст. Қатъан ин гуноҳоне ҳастанд нобахшуданӣ, ки Худованди маннон худаш ҷазои инхел золимҳоро медиҳад.
Аммо мо мехоҳем ба далелҳое ки режими Раҳмон ба бастани масҷид овардаанд, назар афканем, ки чаро инсоне ба ин ҳад ҳайвонигарию “харигарӣ” расад, ки барои бастани дари хонаи Худо далел тарошад?!
Дар хабарҳо омад, ки Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оин, аз баста шудани як ҳазору нуҳсаду сию ҳашт масҷид хабар дода афзуд:
“шуморе аз мардум дар ин масҷидҳо фақат ҷумъаҳо намози ҷамоат баргузор мекарданд ва уламои динӣ тасмим гирифтанд истифодаи беҳтаре ки бешак ризогии Худованд дар он ҳастро анҷом диҳанд”.
Инак далелҳои масҷид бастан:
1-шуморе аз мардум дар ин масҷидҳо фақат ҷумъаҳо намози ҷамоъат мехонанд;
Режими Раҳмон ба баҳонаи инки фақат ҷумъаҳо намоз мехонанд, ду ҳазор масҷидро бастанд. Савол ин аст, магар намози ҷумъа фақат дар рузи ҷумъа баргузор намешавад? Ё инки раиси кумитаи дин хиёл кардааст, ҳар рӯз бояҳ намози ҷумъа бошад, то масҷидҳо пур шаванд? Чунин ба назар мерасад, ки ҳам Э.Раҳмон, ҳам Саймумин Ятим ва ҳам Сулаймон Давлатзод аз алифбои дин ҳатто ҳарфи “А”-ро намедонанд, ки хаёл кардаанд, ҳар рӯз намози ҷумъа баргузор шавад то мардум пур шаванд!
2-магар давлат вазифадор нест, ки мардумро ба кору зиндагӣ ва хонаю маҳали зист таъмин кунад?
Агар бале, пас вазифаи Э.Раҳмон аст, ки дар бологуфтаро таъмин кунад, на инки хонаи Худо ва масҷидҳоро ба ҷои зисту зиндагии мардуми бехона табдил кунад. Ва агар на, пас чаро президентҳо дар ҷаҳон худро вазифадор медонанд ки ба аҳолиашон кору бору хонаю зиндагӣ фароҳам кунанд? Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи таъмин кардани мардум намебарояд, ҷойро холӣ кунад, то одами метонистагӣ корро ба уҳда гирифта, ба ҷои табдил кардани хонаи Худо ба тарабхона, зиндагии мардумро таъмин кунад.
3-уламои динӣ тасмим гирифтанд, истифодаи беҳтаре шавад?
Манзур аз уламои динӣ кӣ ҳаст? Оё шумо (Сулаймон Давлатзод)? Э.Раҳмон? С.Ятим? шумо ки аз намози ҷумъаро дар рузи чоршанбею душанбе хонданиед, оё аз алифбои дин алифашро медонед?
Уламои дин касоне ҳастанд, ки фақат ризогии Худоро мехоҳанд, ва аз инки инхел тасмимҳои зидди дин гиранд, аз Худо метарсанд. Аммо шумо барин ба истилоҳ “уламои динӣ” гуратон сухтаасту дузахи абадӣ дар оташи ҷовидон ҷазоятон!
Худованд дар бораи вайрон кардану табдил кардани масоҷид дар ояти 114 Бақара ҷавоби ошкоре додааст, онҷо ки фармудааст:
“Золимтарини инсонҳо касонеанд, аз масҷидҳои Худо манъ карда, кушиш мекунанд масҷидҳоро вайрон кунанд... ҳамоно барои онҳост хории дунё ва азоби дардноки охират”.
Ҷаноби Сулаймон Давлатзод, ки худро олими динӣ мепиндоред дар ҳоле ки ҳатто намоз намехонед, худатон аз ояи 114 сураи Бақара хулоса бароред, аҳли дузахед ё биҳишт?!
Лаънати Аллоҳ бар золимону ситамкороне чун Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Кофир ва Сулаймон Давлатзод!
Сиддиқи Акбар