Чанд моҳ пеш хабарҳое пахш шуд, ки дар он аз вуҷуди пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон ҳикоят мекард, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд ин хабар дурӯғ аст ва Чин ҳеҷ пойгоҳе дар Тоҷикистон надорад. Инак кушта шудани 5 чинӣ дар Тоҷикистон, пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистонро собит мекунад.
Чанд саволе пеш меояд ки иборатанд аз:
1- Панҷ чинӣ дар сарҳади Тоҷикистону Авғонистон чӣ кор мекардаанд? Оё дар сарҳади Тоҷикистон чиниҳои кушташуда ба тиҷорат машғул будаанд, ё сабаби дар сарҳад буданашон чист?
Ҷавоб: Агар тоҷик ё авғон кушта мешуд, дигар гап, мегуфтем авғонҳо ба Тоҷикистон мегузаштанд ё тоҷикҳо ба Авғонистон, ки марзбонон тирпаронӣ карда, онҳоро куштаанд, аммо чиниҳо дар онҷо чӣ кор мекарданд? На дар марзашон буд, ва на марзҳо ҷои ободу серодаме барои тиҷоратанд, пас маълум мешавад, ки чиниҳое ки дар марзи Тоҷикистону Авғонистон кушта шудаанд, чиниҳои оддӣ нестанд, балки низомианд, ки дар Тоҷикистон пойгоҳ доранд ва ҳукумати Тоҷикистон халқи Тоҷикистонро фиреб дода, хиёнати ошкоре дар ҳаққашон раво дошта аст.
2-Чаро фақат чинӣ кушта шудааст ва байнашон ягон тоҷик набудааст?
Ҷавоб: ҳамонтавре ки дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон фақат русҳоанд ва ягон тоҷик ҳақ надорад дар пойгоҳи низомии русҳо кор кунад, дар пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон ҳам фақат чиниҳоанд ва ягон тоҷик ҳақ надорад дар онҷо кор кунад.
Пойгоҳҳои низомие ки дар кишварҳои дигар қарор доранд, амалиётҳои сиррие анҷом медиҳанд, ки агар бегона дар он бошад, сираш фош мешавад ва дигарон мефаҳманд. Барои ҳамин ҳамаи пойгоҳҳои низомие дар ҷаҳон вуҷуд дорад, фақат шаҳрвандони худро оварда, дар онҷо амалиёти сиррӣ анҷом дода, бегонагонро дар он ҷой намедиҳанд.
3-Чиниҳо дар марзи Тоҷикистону Авғонистон чӣ кор мекарданд?
Ҷавоб: Дар пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон, ки ҳама чизаш пинҳон аст ва ҳатто ҳукумат то ба ҳол вуҷуди чунин пойгоҳро аз реша инкор мекард, фақат чиниҳо ҳастанд ва тоҷик дар он нест. Чиниҳо барои амалиёт ба онҷо рафтанд, ки ба назар мерасад қонуншиканӣ карда, марзро гузашта ба Авғонистон зараре расондаанд, авғонҳо панҷ нафарашро куштаанд, ки бақияашон гурехта ба пойгоҳашон рафтаанд.
Ба назар мерасад пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшон бошад; чароки Эмомалӣ Раҳмон, ки то ба ҳол чанд ҳазор киллометри Тоҷикистонро ба онҳо додааст, қасд дорад чанд ҳазор километри дигарро низ ба онҳо диҳад, барои ҳамин чиниҳо омада, пойгоҳ зада, заминаро барои афзудани ними дигари Тоҷикистон ба Чин фароҳам кардаистодаанд.
Халқи Тоҷикистон дар хоби гарон аст, як рӯз бедор мешавад, мебинад, бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи Тоҷикстон аз они Чин шуда, ва тоҷикистониҳо аз дам ҳамаашон бо Бадахшону Хатлону Суғду Душанбе, ғуломи чиниҳо шуда, хонаю кошонаи чиниҳоро руфта, дастҳо боло сина, то камар хам шуда, “сарварам” ман ғуломи шумоям гуфтан мегирад.
Лаънати Худо бар Эмомалӣ Раҳмони модарфурӯш, ки замини Тоҷикистонро ба Чин фурухт.
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Дар ҳамла ба дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон), дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шудааст. Дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 18-уми ноябр ҳодисаро тасдиқ карда, вале тафсилот надоданд.
https://www.ozodi.org/a/kushta-shudani-yak-shahrvandi-chin-dar-marzi-tojikistonu-afghoniston/33206544.html