Чоплусони режими Раҳмон, ки ғайр аз таъриф ва тамҷиди дурӯғини Эмомалӣ Раҳмон кори дигаре надоранд, Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши сайёра хонда қариб ки худо ҳам медонанд, ӯро чунон боло мебаранд, ки ингор аз осмон омада ҳамаи мушкилоти натанҳо Тоҷикистон, балки фаротар аз онро ҳал кардааст мепиндоранд.

Почахарони Эмомалӣ Раҳмон, ӯро як инсони маорифпарвару илмдӯст ҳисобида, китобҳои зиёде дар васфаш менависанд ва ин дар ҳоле аст, ки ӯ аз алифбои илму маърифат ҳатто ҳарфи А-и онро намефаҳмад ва намехоҳад ки халқи Тоҷикистон соҳиби илму маърифат шаванд.

Мактабхонони як деҳае ба хотири мактабу дарс шуда ҳар рӯз 16 километр пиёда мераванд, зеро дар деҳаи худашон мактаб нест ва барои мактаб бояд ба ҳамсоядеҳа раванд, ки 8 километр аз ин деҳа дуртар аст. Рафту омадашон 16 километар мешавад, ки дар роҳ баъзе вақтҳо садама шуда то ба ҳол чандин мактаббачаҳо кушта шудаанд, ва ин дар ҳоле аст, ки чоплусони Эмомалӣ Раҳмон ӯро наузу биллоҳ аз Худо ҳам меҳрубонтар реклама мекунанд.

Амал кардан як қоидаи умумие аст, ки ҳама онро медонанд ва дар қиёмат низ ҳисобу китоб бар асоси он аст: “Дар он рӯз (рӯзи қиёмат) ҳамаи мардум аз қабрҳо мехезанд, то аъмолашонро бинанд. Ҳар касе заррае аз аъмоли нек ё аъмоли бад карда бошад, мебинад онро” (сураи Изо зулзилат, ояти 6-8).

Бар асоси оятҳои 6 то 8 сураи Изо Зулзилат фақат аъмол аст,ки арзиши инсонро баён мекунад, на сухан. Дар сухан Эмомалӣ Раҳмонро чоплусону почахоронаш аз Худо болотар медонанд, аммо дар амал пашизе арзиш надорад ва аз гуҳ камтар аст.

Шумо худ тасаввур кунед, мактабхонони як деҳае ба хотири мактабу дарс шуда ҳар рӯз 16 километр пиёда мераванд, зеро дар деҳаи худашон мактаб нест ва барои мактаб бояд ба ҳамсоядеҳа раванд, ки 8 километр аз ин деҳа дуртар аст. Рафту омадашон 16 километар мешавад, ки дар роҳ баъзе вақтҳо садама шуда то ба ҳол чандин мактаббачаҳо кушта шудаанд, ва ин дар ҳоле аст, ки чоплусони Эмомалӣ Раҳмон ӯро наузу биллоҳ аз Худо ҳам меҳрубонтар реклама мекунанд.

Тарона Ниёззода як намуна аз садҳо кушташудагони ҳамин деҳа аст, ки синфи ду буда, ҳар рӯз 16 километар роҳ мерафтааст. Эмомалӣ Раҳмон як инсони бевиҷдоне аст, ки аз дурӯғгӯӣ ва тамаъи қудратталабии ӯ то ба ҳол ҳазорон нафар куштаю овора шудаанд.

Лаънати Худо бар Эмомалӣ Раҳмони бевиҷдони шайтони раҷим!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азия-Плюс: Як хонандаи синфи 2 аз деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб дар деҳаи Марғедари ин шаҳр бар асари садамаи нақлиёт ҷон бохтааст. Ӯ бинобар набудани мактаб дар деҳаи зисташ, ба деҳаи ҳамсоя, ки 8 километр дуртар аз хонашон будааст, рафта дарс мехондааст.

Ҳодиса дирӯз, 30-юми октябр рух дода, дар ин бора Холиқназар Ҷумъаев, журналист ва нависандаи тоҷик, ки ҳамзамон сокини ин деҳаи Бӯстон мебошад, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Ӯ навиштааст, ки Тарона Ниёззода, сокини деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии Панҷакент, ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 53-и деҳаи Марғедар, таҳсил мекард, ҳангоми бозгашт аз мактаб қурбони садамаи нақлиётӣ шуд. Ҳодиса тақрибан соати 16.40 дар ҳудуди деҳаи Марғедар 400 м дуртар аз мактаб рух дода, номбурда дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ғафуров Фахриддин, директори мактаби №53 воқеаро тасдиқ карда гуфт, дар деҳаи Бӯстон мактаб нест ва  фарзандони сокинон дар мактабҳои ҳамсоядеҳа таҳсил мекунанд.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/incidents/20241031/margi-honandai-sinfi-2-angomi-bozgasht-az-maktab-dar-panakent