Шарофиддин Гадоев раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва яке аз касоне, ки тақрибан даҳ сол мешавад, бар зидди Эмомалӣ Раҳмон мубориза бурда, опозитсияи режими Раҳмон ба ҳисоб меравад, ахиран корҳое анҷом додааст, ки гумоназаниҳои зиёдеро ба худ ҷалб кардааст, ки ба он мепардозем.
Гурӯҳе ӯро матарсаки Аврупо медонанд.
Ҷамъе ӯро ҷузви клани Фархор медонанд.
Баъзеҳо ӯро ҷосуси ҷосуси Эмомалӣ Раҳмон (Додоҷон Атовулло) медонанд.
Бархе ӯро ҷосус ва ёри ғори раиси КДАМ-Саймумин Ятим медонанд.
Иддае ӯро ҷосуси Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Аддае ҳам ӯро корманди ФСБ дониста ва баъзеи дигар ҳам ӯро ҷосуси саҳюнистҳои Исроил медонанд.
Ва ҳар гурӯҳе барои худ далел меоварад, масалан мегӯянд, бо фармони ФСБ ба Русия омада, ва пас аз он ба Тоҷикистон фиристода шуд, ки дар онҷо аз ӯ наворе гирифта шуд. Ин худ далел бар ин аст, ки ФСБ аст; чун бо даъвати ФСБ омад, ва ё ҷосуси Раҳмон аст; чун дар иттиҳоди мухолифон ихтилоф андохт ва бо супоришоти Додоҷон Атовуло бо фармони Эмомалӣ Раҳмон алайҳи Муҳиддин Кабирӣ гап зад. Ва ё бо фармони Саймумин Ятим ки раиси КДАМ ва сад албатта ҷузви клани Фархор аст, информатсияи мухолифонро ба Тоҷикистон медод.
Аврупо аз тариқи Шарофиддин Гадоев ва Додоҷон Атовулло дар Тоҷикистон мехоҳад ҷунбиши радужникҳо ё ҳамон ЛГБТ ва ба гуфтаи омиёнаи тоҷикӣ “ҷунбиши кунтеҳо”-ро фаъол кунад, ки то ба ҳол пешрафти зиёде карда, аз Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳатто дархост кардаанд, қонунӣ ба онҳо иҷозат диҳад, ҷунбишашон ба расмият шинохта шавад.
Иддае ки ӯро матарсаки Аврупо медонанд мегӯянд, Аврупо аз тариқи Шарофиддин Гадоев ва Додоҷон Атовулло дар Тоҷикистон ҷунбиши радужникҳо ё ҳамон ЛГБТ ва ба гуфтаи омиёнаи тоҷикӣ “ҷунбиши кунтеҳо”-ро фаъол карданианд, ки то ба ҳол пешрафти зиёде карда, аз Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳатто хостаанд ки қонунӣ ба онҳо иҷозат диҳад, ҷунбишашон ба расмият шинохта шавад.
Хулосаи калом инки гумоназаниҳо барои Шарофиддин Гадо зиёд аст, аммо ахиран ӯ гуфтааст, ки мехоҳад бо Эмомалӣ Раҳмон музокира кунад. Музокира бо одаме ки на фаҳм дорад, на шуъур, на ақл дораду на фаросат чӣ маъно дорад?
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, хостори гуфтугӯ ва музокирот бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи САҲА шуд.