Белаёқатӣ ва нокоромадии Эмомалӣ Раҳмон сабаб шудааст, халқи Тоҷикистон ободкор шаванд!

Эмомалӣ Раҳмон як инсони пасту хору залил ва як инсони бисёр беақлу камхирад аст. Барои ҳамин солҳои ахир беғарзи арақхурӣ ҳоли дигаре надорад. Арақаш ҳам аз Франсия меомадааст. Ва ин дар ҳоле аст, ки ними халқи Тоҷикистон барои як бурида нон ба ғуломии русҳо мераванд,ки як шиша арақи аз Фаронса меомадагии Эмомалӣ Раҳмон баробари кори чандсолаи як тоҷик дар Русия аст.

Эмомалӣ Раҳмон муддати сиючанд сол аст, ки раиси ҷумҳур аст, аммо дар ин муддат нокоромадӣ ва белаёқатии худро ҷаҳонӣ кардааст ва ҷаҳон медонад, ки Эмомалӣ Раҳмон як инсони камхираду беақлу бидораят аст.

Дар нокоромадии ӯ ҳамин бас, ки дар деҳаи Басманда ки даҳҳо ҳазор сакана дорад, то ба ҳол ҳатто роҳ сохтагӣ нест ва мардуми он охирин бор асфалтро дар замони шуравӣ дида буданд. Оё ин масъала баёнгари нокоромадӣ ва белаёқатии Эмомалӣ Раҳмон нест, ки то баҳол натавонистааст як деҳаи даҳҳазораро натавонад як хатти барқ, обёрӣ, роҳсозӣ ва ё як бемористону мактаб созад?!

Белаёқатӣ ва нокоромодаии Эмомалӣ Раҳмон сабаб шудааст, ки мардум аз ӯ ноумед шуда, худ даст ба кор шаванд ва деҳаро худ обод кунанд. Барои ҳамин дар чанд соли ахир зиёд мешавад, ки аҳолӣ ҷамъ шуда худ обу барқу роҳу дармонгоҳу мактабу кудакистон месозанд.

Як намуна аз ободкории мардум, аҳолии деҳаи Басманда аст, ки ҳақиқатан офарин бар онҳо, ки худашон ҷамъ шуда, аз даромаде ки аз муҳоҷирати меҳнатии Русия доштаанд, пул партофта, барои деҳа роҳсозӣ карда, хатти барқ кашида, обёрӣ карда, дар фикри сохтани кудакистону бемористону мактабанд.

Худо бар ин мардум баракат диҳад ва ба ҳурмати онҳо Эмомалӣ Раҳмонро несту нобуд гардонад!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Дар Басманда, як деҳаи дурдасти шимоли Тоҷикистон, аз ҳисоби пули муҳоҷирону сокинон ташаббуси роҳсозиро пеш мебаранд. Ҳамчунон иддае аз соҳибкорон довталабона маблағи худро барои обёриву кашидани хатти барқ ихтисос додаанд.

“Шукри худованд, Ҳоҷӣ Абдусамад аз ин пеш ба ҳаҷ нарафта маблағи онро ба харидорию насби трансфарматор дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Ҳасанов сарф карданд, - нақл кард Ҷумъабой Шафиев, ки раиси деҳаи Басманда мебошад. Ӯ гуфт, - симчӯбҳо кашиданд ва дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ ба мардум кумаки худро расонданд. Боқимонда сокинон барои харидории ҷӯйборҳои бетонӣ саҳм гузошта истодаанд. Дар як-ду соли ахир дар деҳа хеле ободкорӣ шудааст”.

Шуғли асосии бошандагони Басманда кишоварзиву чорводорист ва роҳи ҳамвору обу барқ аз ниёзҳои аввалиндараҷа ҳисобида мешавад. Ҳарчанд ин деҳа қадима аст, вале танҳо қисми кучаке аз роҳро дар замони шӯравӣ асфалтпӯш кардаанду дар замони истиқлолият маблағҳои давлатӣ ба он ҷудо нагардидааст.

Ҳоло бо муроҷиати зиёди сокинон мақомоти маҳаллӣ азм дорад, ки як кӯдакистон бисозад.

Мардум мегӯянд, ки ба онҳо шифохонаи кӯдакона ҳам лозим аст ва баъди роҳсозӣ он лоиҳаро низ бо маблағи мардум руйи кор мегиранд. Таҷрибаи ободкории деҳаву манотиқи дурдасти Тоҷикистон аз ҳисоби пули халқ як амри маъмул гардидааст.

https://www.ozodi.org/a/33040034.html