Кишварҳои ҷаҳони сеюм ё кишварҳои камбизоат кишварҳое ҳастанд, ки аз дигар кишварҳо кумаки башардӯстона мегиранд.
Тоҷикистон бо белаёқатии Э.Раҳмон дар қатори кишварҳои камбизоати ҷаҳон қарор дорад ва сол то сол камбизоттар мешавад. Камбизоатии Тоҷикистон баҳонаи хубе барои гадоии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон аст.
Режими Раҳмон ба баҳонаи камбизоат будани Тоҷикистон солона аз кишварҳои хориҷа маблағҳои калоне бо номи кумакҳои башардӯстона дарёфт мекунад. Тибқи қонуни байналмилал, ин кумакҳои башардӯстона ба номи халқи кишвар ҷудо шуда, ба раисони он кишвар дода мешавад то ба мардум хизмат кунанд, аммо дареғ аз хизмати режими Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон.
Режими Раҳмон дар соли 2023 аз 61 кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона гирифтааст. Савол ин аст, ки 1- маблағ ва миқдори ин кумакҳо чӣ қадар буд? 2- режими Раҳмон ин пулҳоро дар куҷо харҷ ва сарф кардаанд? 3- оё аз ин пулҳо мардумро хабардор кардаанд?
Аммо ҷавоб:
1-Маблағ ва миқдори кумакҳои башардӯстона чӣ қадар буд?
Ончӣ маълум аст, маблағи ин кумакҳо кам нест; чароки як кишвар вақте мехоҳад ба кишвари дигаре ёрдам кунад, ҳазор доллару 10 ҳазор доллару 100 ҳазор доллар на, балки бештар аз инҳоро ёрдам мекунад. Барои ҳамин кумакҳои башардӯстона беш аз 90 милион доллар будааст (Озодӣ).
2- Режими Раҳмон ин пулҳоро дар куҷо сарф кардааст?
Бо андак ҳисобу китоб ва ба истилоҳ “яку ду кардан” фаҳмиданаш осон аст, ки ин пулҳоро режими Раҳмон дар куҷо харҷ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон як одами шаҳватпарасти шикампарасти худхоҳи гадозода аст. Чунин одаме имкон надорад ба дигарон ёрдам кунад. Ҳар пуле ки дар дасташ расад, фарқ намекунад аз они кист, аз они халиқ камбизоат аст, ё ҳаққи милионҳо шаҳрванд, ҳамаашро дар кисаи худ зада, бо номи халқи камбизоати ҶТ ба шикаму зеришиками худ ва оилаи шаҳватпарасташ харҷ мекунад.
Тамоми пулҳое ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи халқ ва унвони кумакҳои башардӯстона ба ҶТ дода мешавад, ҳамаашро Э.Раҳмон сарф мекунад. Ё ба ҳисоби бонки шветсариаш ки инак беш аз даҳ миллиард доллар аст равона мешавад, ё дар шаҳватпарастии шикаму зеришиками Э.Раҳмон ва оилаи серношоямаш сарф мешавад, ки ба ҳамагон равшан аст.
3- Оё аз ин пулҳо мардумро хабардор кардаанд?
Аҳолии Тоҷикистон мазлумтарин мардуми рӯи заминанд. На ҳаққе доранд, на ҳуқуқе, на шахсияте доранд, на иззате.
Ягон кас то ба ҳол аз ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии худ на аз давлат, на аз ҳукумат, на аз соҳибмансабон, на аз полис, на аз қозӣ, на аз прокурору адвокат талаб намекунанд. Онҳое ки талаб карданд, ё кушта шуданд ва ё паси панҷараҳои зиндон дар бадтарин ҳолати инсонӣ қарор доранд.
Баро ҳамин на халқ аз соҳибмансабон ба хусус Эмомалӣ Раҳмон мепурсанд, на соҳибмансабон ба хусус Эмомалӣ Раҳмон ба мардум як калима ҳам намегянд натанҳо дар сарфи кумакҳои башардӯстона, балки дар ҳеҷ масъалае!
То ба ҳол беш аз чанд миллиард доллар ба халқи Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона дода шудааст, аммо халқи Тоҷикистон аз ягонтаи онҳо хабар надоранд ва ҳатто намедонанд, ки масалан дар соли 2023, 61 кишвари дунё ба Тоҷикистони камбизоат кумакҳои башардӯстона кардаанд.
Мардум хақ доранд, ки соҳибмансабон ба хусус Э.Раҳмон ҷавобгу бошад, ки пулҳои ба номи халқ гирифта шуда куҷо шудаанд ва дар куҷо сарфу харҷ мешаванд?!
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Соли 2023 Тоҷикистон аз 61 кишвари хориҷӣ дар ҳаҷми қариб 95 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифтааст.
Ба иттилои Хадамоти гумрук, Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон дар соли гузашта будаанд ва беш аз нисфи ҳаҷми ёриҳо аз ин ду кишвар аст.
Белгия, Русия, Қазоқистон, Туркия, Ҳиндустон, Дания, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса аз кумакрасонҳои дигари Тоҷикистон дар соли 2023 будаанд. Мақомот дар бораи сарфу харҷи кумакҳои башардӯстона, маълумот надодаанд.
Манбаъ: https://www.ozodi.org/a/32822607.html
Сиддиқи Акбар