Эмомалӣ Раҳмон коллексияе аз рекордоҳоро дорад, ки ду рӯз пеш (28-умди декабри 2023) як рекорди нави дигар ба сабт расонд.

Рекорди маҷбур кунондани мардум ба кафкӯбӣ!

Маҷбур кунондани мардум ба кафкӯбӣ рекорди нави Эмомалӣ Раҳмон аст, ки беҳтар аст чоплусони режими Раҳмон онро дар рекордҳои гинес ба сабт расонанд.

Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар маҷбуркунонии кафкӯбӣ дар суханронӣ ё беҳтар бигӯям ба гапҳои пуч ва “ови даҳан”-е ки сӣ сол боз Эмомалӣ Раҳмон мардумро “хар” кардааст, мардум 22 дақиқа кафкӯбӣ кардаанд.

Яъне барои гапҳои беҳудаи дурӯғи бемаънии Эмомалӣ Раҳмон ки 3 соату 10 дақиқа сари мардумро аз дард кафонд, 22 дақиқа кафкӯбию қарсак шуд. Яъне Эмомалӣ Раҳмон ба андозае нарциссизм дорад, ки 22 дақиқа қарсак интизор буда, 3 соату даҳ дақиқа пакарию ҳарзагӯӣ мекунад.

Нарцисизми (худшефтагӣ) Эмомалӣ Раҳмон аст, ки халқи Тоҷикистонро 30 сол боз аст, ки овораю ғулому беобрӯ гардондааст.

Лаънати Худо бар Эмомалӣ Раҳмон!

Сиддиқи Акбар