Эмомалӣ Раҳмон инсони худпарасте аст, ки 30 сол боз бар Тоҷикистон ҳукумат дорад ва дар ин сӣ сол мардумро хуни ҷигар кардааст.
Ӯ одаме аст, ки аз худаш ҳеҷ чиз надорад ва тамоми корҳояш аз дигарон тақлид кардан аст. Яке аз тақлидҳое ки анҷом дода, ба худ жести онро мегирад, монанд кардани худ ба президенти Кореяи Шимолӣ аст.
Шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ пешвои худ Ким Чен Унро мепарастанд, аз ӯ бо ҷон ҳимоят мекунанд, фақат таърифу тамҷид мекунанд ва дар суханрониҳояш кафкӯбӣ мекунанд. Пешвои Кореяи Шимолӣ мардумашро қудратмандтарин мардуми ҷаҳон кардааст, дар илму технологияву саноъат пеш бурда, ба ҳаво моҳвора партофтааст. Барои ҳамин мардумаш ӯро бо ҷону дил дӯст медоранд.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон чӣ дорад, ки худашро ба пешвои Кореяи Шимолӣ монанд мекунад?
Эмомалӣ Раҳмон фақат аз зоҳир тақлид мекунад, либосашро, тарзи сухан гуфтану либос пушиданашро аз пешвои Кореяи Шимолӣ тақлид мекунад, на, пешрафту, технологияву саноъатисозии Кореяи Шимолиро.
Мардуми Кореяи Шимолӣ пешвояшонро дӯст медоранд, аз таҳи дил дар суханрониҳояш кафкӯбӣ мекунанд, барои ҳамин соатҳо ҳам бошад кафкӯбӣ мекунанд, аммо мардуми Тоҷикистон аз рангу рӯи пешвои худхонда (Э.Раҳмон) безоранд, шабу рӯз бар ӯ лаънат мефиристанд ва акси ӯро зери по мекунанд!
Сиддиқи Акбар