Беш аз 20 сол аст, ки масъалаи Роғун, сохтусози он, иншооти он ва даҳҳо масъалаи дигар дар атрофи Роғун, сухане шудааст, ки режими Раҳмон, ба хусус Э.Раҳмон ва чоплусону почахаронаш гӯши фалакро кар кардаанд.

Аммо савол ин аст, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон Роғунро намсезод?

Дуруст аст, ки Неругоҳи Роғун, як масъалаи муҳиму ҳаётӣ барои халқи Тоҷикистон аст ва сохта шудани он, ба фоидаи халқ ҳам ҳаст, аммо будани мушкил дар Роғун гарави давоми ҳукумати худкома ва диктаторонаи золими хунхори Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳаст.

Агар Неругоҳи Роғун сохта шавад, ҳукумати Э.Раҳмон ҳам нобуд мешавад, барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмон худаш Роғунро намесозад, балки то ҷое ки метавонад онро бисёртар вайронтар мекунад, то ба ҳамин баҳона буданаш дар ҳукуматро давомдор кунад. Барои ҳамин мебинем, миллиардҳо пуле ки аз давлатҳои хориҷа ҳамчун ёрдам ё қарз ба сохти Роғунд дода мешавад, ё гум мешавад, ё дуздида мешавад ё аслан номаълум мешавад ки куҷо меравад.

Шоҳдузде чун Э.Раҳмон ҳамаи он пулҳоро обу лой карда, дар шикаму зери шикам худ ва оилаи аждаҳораш истифода бурда, мардумро дар сармои зимистон ба гури торикистон ғарқ мекунад.

Сиддииқ Акбар