Эмомалӣ Раҳмон касе аст, ки тамоми сифатҳои бадтарини як инсонро дар худ дорад ва яке аз ин сифатҳо худхоҳӣ аст. Ӯ инсони фавқулъода худхоҳ аст ва барои худхоҳии ӯ зиёда аз садҳо ҳазор кушта шуда, ва даҳҳо ҳазор зиндонӣ шуда ва милионҳо нафар ғулому овора гаштаанд.

Манзур аз оворагӣ ва ғуломии милионҳо нафар, ки сабабаш худхоҳии Эмомалӣ Раҳмон аст, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки аз маҷбурӣ ба Русия рафта, корҳои сиёҳи арзони ҳеҷкас намекадагиро анҷом медиҳанд.

Сабаби муҳоҷирати кории миллионҳо нафар, Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ одами арақхӯре аст, ки кораш фақат арақхӯрӣ аст. Одами арақхӯр, аз дидгоҳи Ислом инсон нест, балки як ҳайвони чорпои ваҳшӣ аст. Ҳайвонийят ва ваҳшият ҳарду дар Эмомалӣ Раҳмон ошкор аст.

Ӯ натанҳо ба фикри мардум нест, балки бештар дар фикри дар азобу фалокат мондани бисёртари мардум аст. Барои ҳамин ягон корхона насохта, некуаҳволии тоҷиикстониёнро беҳбуд накарда, торафт зулмро бар мардум бисёртар мекунад. Мардум кор надоранд, даромад надоранд, аммо барқ афзоиш мёебад. Он ҳам барқе ки тоҷикистониён аз он маҳрум буда ба афғонистониён фурухта мешавад.

Аҷаб нест мегар?!

 Дар сармои зимистон мардуми худат бебарқ, аммо барқро ба Афғонистон бифурушӣ!

Мардум кор надоранд, корхона нест, даромад нест, аммо барқи беонҳам набударо қиматтар ба мардумат бифурӯшӣ!

Оё зулме болотар ба милионҳо нафар ҳаст, ки барқро ҳам ба мардум надиҳӣ, ҳам пулашонро бигирӣ ва ҳам инки қимат карда, қиматтар аз Афғонистон ба мардумат фурӯшӣ?!

Худоё! Аз зулму ситаму ваҳшигарии Эмомалӣ Раҳмон ва режими худкомааш ба Ту паноҳ мебарам!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азия Плюс: Аз 1-уми январи соли 2024 арзиши истифодаи барқ дар Тоҷикистон 16% баланд мешавад. Яъне сокинон барои истифодаи 1 киловатт-соат барқ 30,75 дирам пардохт мекунанд. То ин замон 26,51 дирам месупориданд.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20231216/e-gap-nest-yo-ast-vokunishi-sokinon-dar-borai-afzoishi-narhi-istifodai-bar-dar-toikiston

Сиддиқи Акбар