Дуздони режими Раҳмон ба баҳонаи Роғун садҳо милион доллар дар ҷайб мезананд!
Эмомалӣ Раҳмон, инсоне гадосифату дуздсифат аст. Ӯ дар оилае калон шудааст, ки ба гуфтаи худаш “дуға қати шир аралаш карда мехурдем” будаанд ва ҳамеша дар орзуи бой шудан буданд. Инак бойгарӣ ба онҳо омад, вале гадосифатию дуздсифатиашон ҳануз мондааст. Беҳуда нест, ки мегӯянд, одам ҷаҳондида бошаду ҷаҳонхурда не! Гадо, гадо мемонад, ҳатто агар бойтарини ҷаҳон бошад!
Эмомалӣ Раҳмони гадо гадозода ва гадосифат, ҳукуматро низ гадою гадосифат карда, ҳамаи дуздону ғоратгаронро вазиру вакил кардааст, ки натиҷаашро худатон “ранг бину ҳол пурс” бо чашматон мебинед: Тоҷикистон ба як гадохонаи ҷаҳонӣ табдил шудааст!
Оё гадо, гадозода ва гадосифат аз уҳдаи идора кардани кишвар мебарояд? Қатъна не. Агар мебаромад, Э.Раҳмони гадо гадозодаи гадосифат мебаромад. 30 сол бо зӯру зару тазвиру гадоӣ пулу моли аҳолии Тоҷикистонро ғорат карда, миллиардҳо доллар дар ҳисобҳои шветсариаш ҷамъ кард, аммо “чашми танги дунёдӯстро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр”.
Ҳамин гадогӣ ва гадосифатии Э.Раҳмон ва дигар вазирону вакилони Тоҷикистонро худ дида хулоса бароред: барои сохтани Роғун ки аз соли 2008 оғоз, гуфтанд 3 млрд доллар даркор аст. Дар соли 2016 гуфтанд, 3,9 млрд доллар даркор аст, дар соли 2022, 5- млрд доллар талаб карда, ва 6 млрд доллар мехоҳанд. Оё ин худ дуздию гадогию гадосифатии Э.Раҳмону дигар вазиронашро нишон намедиҳад??
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азия Плюс: Соли 2008, замоне, ки корҳо дар иншооти неругоҳи “Роғун” барқарор шуданд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ меушд. Баъдан соли 2016 зикр шуд, ки арзиши он 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад. Нимаи соли 2022 Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ дар бораи зарурати ҷалби 5 млрд доллар барои анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа хабар дод.
Сиддиқи Акбар