4 миллиард доллар нархи нисфи Тоҷикистон?!
Эмомалӣ Раҳмон аз Чин дар муддати 16 сол 4 миллиард доллар пул дарёфт кардааст, ки ними Тоҷикистонро дар ивази он замимаи Чин кард
Аммо ба назар мерасад, ки ин пулгириҳо ва Тоҷикистонфурушиҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Чин давом дорад. Ин Тоҷикистонфурушӣ тадриҷӣ буда ва 700 ширкати чинӣ пасипарда заминаи пайваста шудани қисмати дигаре аз Тоҷикистон ба Чинро фароҳам мекунанд.
Раиси ҷумҳури Чин низ барои ин ба Тоҷикистон сафар кардааст, ки пайваста шудани қисмати дигаре аз Тоҷикистон ба Чин тезтар анҷом гирад. Илова бар он, пойгоҳи низомии пинҳони Чин низ фаъол аст ва дар сурати интиқод ва ё дигаргунӣ дар Тоҷикистон, сареъан замини Тоҷикистонро хапу дам ба Чин замима мекунанд.
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ситоиш аз ҳамкориҳои кишвар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфтааст, дар муддати 16 соли гузашта Чин ба иқтисоди кишвар бештар аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст ва аз шарикони муҳимтарини Тоҷикистон мемонад.
Дар баёнияи ӯ пас аз мулоқот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин омадааст, “имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад” ва чанд рӯз пеш дар Ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Чанде пеш байни Вазорати рушди иқтисод ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин дар бораи сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Бар асоси он дар марҳилаи аввал дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» зеристгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 200 МВт ва бо маблағи 150 миллион доллар сохта шавад. Ба гуфтаи мақомот, маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Си Ҷинпин, ки бори охир соли 2019 ба Душанбе сафар карда буд, ваъда додааст, ки аз “тамомияти арзии” Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Чин ҳамчунон ҳамкориҳои дӯстона ва судманд барои ду тарафро бо Тоҷикистон ривоҷ медиҳад, аз талошҳои кишвар барои муҳофизати истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзӣ ҳимоят мекунад.” Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҳамкориҳои ду тараф барои мубориза бо «се нерӯи бадӣ» — терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ” густариш меёбад.
Дар ҷараёни сафар ду тараф 29 санади ҳамкории дигарро имзо кардаанд. Зимни сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон, дар Душанбе ду бинои азими муҳташам аз ҷумла бинои ҳукумат ва порлумонро боз карданд, ки ҳарду бо кумаки молии беш аз 200 миллион долларии Чин дар маркази шаҳр сохта шудаанд.
https://www.ozodi.org/a/33024419.html