Пушаймонӣ, зиндонӣ ва кушта шудан оқибати вафо ба Э.Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон як инсони бисёр пасту номарду занаксифате аст, ки ҳатто ба касоне ки ба ӯ хизмат карда, саги ӯ буданд, раҳм накарду паси панҷара карда ва ё ба он дунё равонаш кард.
Яке аз касоне ки саги Раҳмон буд ва барои Э.Раҳмон ҳатто зану духтари худро таги пои Рустами Эмомалӣ андохт, Саидҷаъфар Усмонзода буд, ки имрӯзҳо бошад ба душмантарин каси Эмомалӣ Раҳмон табдил шуда, зану фарзанду молу дороияш ҳамааш барбод рафт.
Ин аст оқибати касоне ки саги вафодори Эмомалӣ Раҳмон мешаванд. Пас касоне ки саги Эмомалӣ Раҳмонанд ва барои ӯ дум меҷунбонанд бидонанд, ки рӯзе ба сарнавишти Саидҷаъфар Усмонзода гирифтор мешаванд. Пушаймонӣ дигар суд надорад, зиндон ва ё кушта шудан дар интизори Саидҷаъфар Усмонзода-саги бовафои Э.Раҳмон!
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҳисоби бонкии раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва наздикони онҳоро бастаанд.
Бино ба хабари манбаъҳои Радиои Озодӣ аз 30-юми июл, ҳамчунин дастур дода шудааст, ки хонаводаи онҳо ҳаққи фурӯхтан ё ба иҷора додани хона, бӯстонсаро, ширкат, мошин ва амволи дигарро надоранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе намегӯянд.
Наздикони боздоштшудаҳо ҳамчунин аз фишор ба хонаводаҳояшон шикоят доранд. Аз ҷумла, яке аз наздикони афроди боздоштшуда гуфт, бар асоси мактуби мақомот ӯро аз ҷойи кораш рондаанд.