Мансабдорони Тоҷикистон дар дидгоҳи расонаҳои русӣ
Ва коршиносон бар ин боваранд, ки мансабдорони давлатӣ ё бехабаранд ва ё метарсанд мансабро аз даст диҳанд.
Баъзе аз соҳибмансабони тоҷик муътақиданд, ки дар бисёре аз мушкилоти шадиди ҷомеъа худи халқ гунаҳкор аст, дар ҳоле ки ҳалли ин мушкилот вазифаи бевоситаашон аст.
Қимат ва суръати пасти интернет, болоравии қимати гӯшт, камбуди нерӯи барқ ва истифодаи нокифоя аз фанновариҳои нав дар мактабҳо аз мавзӯъҳои доғест, ки дар нишастҳои хабарии ахир матраҳ шуд.
Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон аз сабабҳои ин мушкилот бархе аз соҳибмансабон мардумро гунаҳгор дониста гуфтаанд: "дар ҳама чиз халқ бояд ҷавобгу бошад". Гарчанде ки дар аксари мавридҳо робитаи сабабу натиҷаро муайян кардан душвор аст.
"Мардум намедонанд, ки чӣ гуна аз интернет дуруст истифода баранд"
Дар нишасти хабарии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чун ҳамеша дар бораи суръати пасти интернет ва қимати гарони он, ки солҳои ахир мавриди интиқоди рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифта буд, оғоз шуд.
Ҳатто раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш дар соли 2022 аз сифати интернет ва нархи он интиқод карда буд.
Аммо дар нишасти матбуотӣ намояндагони Хадамоти алоқа изҳор доштанд, ки “интернет дар Тоҷикистон 100% кор мекунад, аммо мардум дуруст истифода бурдани онро намедонанд”.
“Мо фарҳанги истифодаи интернет надорем, ин ба касе пӯшида нест. Мардуми мо интихобкунанда шудааст. Онҳо мехоҳанд, ки интернет ба дархостҳои онҳо фавран посух диҳад. Аммо барои чӣ?
Масалан, ман ба автобус савор мешавам ва мушоҳида мекунам, ки наврасон ТикТокро тамошо мекунанд. Оё ин барои он лозим аст? Онҳо намефаҳманд, ки интернет бояд мушкилотро ҳал кунад. Мо бояд аз интернет дар ҷойҳои лозима истифода кунем,” – мегӯяд сардори шӯъбаи алоқа ва иттилооти хадамот Рафикҷон Шокиров.
Аммо ӯ боре ҳам зикр накардааст, ки маҳз Хадамоти алоқа масъули пайдоиши ин мушкилот аст ва ӯву ҳамкоронаш барои ҳалли онҳо маҳз мавқеи худро ишғол кардаанд.
"Мо ба хӯрдани гӯшти бештар шурӯъ кардем"
Имсол дар бозорҳои кишвар нархи гӯшт хеле боло рафтааст. Ҳоло қимати як кило гӯшти гову барра дар шаҳри Душанбе аз 85 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Пештар як кило гӯшти гов 76-78 сомонӣ ва барра тақрибан 80 сомонӣ нарх дошт.
Ин масъала дар нишасти матбуотии чанд вазорату идора низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин сохторҳо якбора боло рафтани нархи гӯштро бо омилҳои гуногун рабт дода, аммо пайваста таъкид мекарданд, ки аҳолӣ бештар гӯшт истеъмол ва харидорӣ мекунад.
Дар нишасти хабарии вазорати кишоварзӣ сабаби боло рафтани нархи гӯшти гов дар Тоҷикистонро афзоиши истеъмоли гӯшт дар миёни мардум гуфтаанд.
Муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ қайд кард, ки «мардум бештар ба истеъмоли гӯшт шурӯъ намуда, талабот ба гӯшти гову барра дар байни аҳолӣ афзоиш ёфтааст».
«Имрӯз дар шаҳрҳои кишвар гӯшт бештар истеъмол мешавад, зеро сокинон дар ошхонаҳо рӯзе на камтар аз ду маротиба хӯрок мехӯранд, ки бе гӯшт наметавонанд», - гуфт муовини дигари вазири кишоварзӣ Машоқир Назарзода.
Илова бар ин, онҳо тӯю маъракаҳоро сабаби дигари афзоиши талабот ба гӯшт унвон кардаанд.
"Волидон розӣ набуданд"
Ду сол пеш вазорати маориф ва илми кишвар эълом карда буд, ки тарҳи қарор дар бораи ҷорӣ кардани фанновариҳои нав дар мактабҳоро таҳия мекунад, ки бар асоси он истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар мактабҳо ба ҳадафҳои таълимӣ иҷоза дода мешавад.
Аммо дар нишасти ахири матбуъотӣ вазири маориф Раҳим Саидзода гуфт, ки ин тарҳ ба далели норозигии волидайн амалӣ нашудааст, зеро ба ақидаи онҳо, планшетҳо кӯдаконро аз раванди таълим парешон мекунанд. Вай афзуд, бештари онҳо бар ин боваранд, ки кудакон ба ҷои таҳсил ба бозиҳо ҷалб мешаванд. Ҳарчанд, ба гуфтаи Саидзода, тамоми барномаи таълимии истифодаи фанновариҳои нав ҳатто дар вебсайти вазорат ҷой дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, вазир афзуд, ки ин масъала баста нест ва дар оянда баррасӣ хоҳад шуд.
Сабаби маҳдудияти нерӯи барқ афзоиши талаботи аҳолӣ мебошад
Масъалаи камбуди нерӯи барқ яке аз мушкилоти аслии сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон боқӣ мемонад. Баъзан мушкили "лимит"-и нерӯи барқ ҳатто дар фасли баҳору тобистон ба миён меояд, ҳарчанд мақомот инро хеле кам эътироф мекунанд. Солҳои ахир аз ширкати “Барқи тоҷик” барои фурӯши нерӯи барқ ба хориҷа борҳо интиқод мешавад.
Дар нишасти хабарии ахир муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонзода сифати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистонро ба муносибати худи истеъмолкунандагон ба нерӯи барқ рабт дод.
Котиби матбуотии ширкат Нозир Ёдгорӣ ба ин муносибат қайд кард, ки «роҳи дурусти коҳиш додани норасоии мавсимии нерӯи барқ истифодаи эҳтиёткорона ва сарфакоронаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ мебошад».
Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон гуфта буд, ки яке аз сабабҳои ҷорӣ кардани "лимит" ба нерӯи барқро афзоиши ниёзи мардум арзёбӣ карда буд.
Набудани огоҳӣ ё тарси аз даст додани мансаб?
Коршиносон мегӯянд, мансабдороне, ки айбро ба гардани мардум бор мекунанд, ё дар соҳаи худ нотавонанд ва ё тарси аз даст додани мансабро доранд.
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази пажӯҳишҳои журналистии Тоҷикистон, ки пайваста амалу рафтори мансабдоронро таҳлил мекунад, яке аз сабабҳои аслии ба гардани мардум бор кардани мушкилоти пешомадаро маҳз ноогоҳӣ дар соҳаи худ ва ё тарси аз даст додани мансаб медонад.
Вай мегӯяд: "Вақте онҳо маънои саволро намефаҳманд, кӯшиш мекунанд, ки аз ҷавобгуӣ ва масъулиятпазирӣ иҷтиноб кунанд."
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, байни касоне ки ба ин гуна баҳонаҳо даст мезананд, касоне низ ҳастанд, ки мушкилро мефаҳманд, аммо наметавонанд онро ҳал кунанд.
"Онҳо ҳақиқати масъаларо хуб мефаҳманд, аммо айбро ба гардани халқ бор мекунанд, зеро агар ҳақиқатро гӯянд, сабаб мешавад ба мансабе ки гирифтаанд, зарар расонад"- гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки тибқи қонуни Тоҷикистон бартараф намудани мушкилот ва ёфтани роҳи ҳалли онҳо ба дӯши мансабдор ва мақомоти дахлдор гузошта шудааст. Бо ин максад давлат ба онҳо ихтиёрот медиҳад.
Айбдор донистани мардум дар пайдоиши баъзе муъзалот ва мушкилоти иҷтимоӣ дар ҳоле аст ки бар асоси қонуни асосии Тоҷикистон, бартараф кардани мукилот ва ёфтани роҳи ҳалли он ба соҳибмансабон ва мақомоти дахлдор супорида шудааст.
Дар сурати иҷро накардани вазифаҳои расмӣ, мансабдорон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2022 изҳор дошт, ки «ҳар як роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки ба мардуми азизи Тоҷикистон фидокорона ва софдилона хизмат кунанд».
Вале ба назар мерасад, ки баъзе мансабдорони мо инро фаромуш кардаанд. Ё ба қавли Лоиқ Шералӣ: «баҳона чист? Номи халқ!.
Манбаъ: https://stanradar.com/news/full/55728-vo-vsem-vinovat-narod-kak-tadzhikskie-chinovniki-izbegajut-otvetstvennosti-perekladyvaja-ee-na-rjadovyh-grazhdan.html