Яҳё Синвор, озодибахши халқи Тоҷикистон аз зери юғи ситампешае чун Э.Раҳмон!
Пайравӣ ва сармашқ гирифтан аз Яҳё Синвор гарави озодибахшии халқи Тоҷикистон аз зери юғи ситампешае чун Эмомалӣ Раҳмон ва касоне чун Э.Раҳмон аст, ки халқро ба камбизоатию қашоқию бесаводию фалакзадагию бечорагию оворагию ғуломӣ расонидаанд, то халқро ғуломи ҳалқабаргуши худ, шикамҳои худро калон, кисаҳояшонро пурпул, хонаҳояшонро қаср, худро подшоҳ, фарзандонашонро шоҳзода, халкро канизи худ ва аҳолии Тоҷикистонро монанди Фиръавн бандаи худ гардонанд.
Аз марг дар ҷогаи хоб метарсем; аз марг дар садамаи нақлиёту роҳ метарсем; аз инсулту инфаркт метарсем,
мо марги дар ҷанг ва мубориза дар роҳи Худоро орзумандем!
Фармондеҳ Яҳё Синвор, марде фаротар аз устура
Аз марг дар ҷогаи хоб метарсем; аз марг дар садамаи нақлиёту роҳ метарсем; аз инсулту инфаркт метарсем, мо марг дар ҷанг ва мубориза дар роҳи Худоро мехоҳем. Ин ҷумла аз они касе аст, ки чанд рӯз пеш хабарҳои дун шаҳодаташро хабари аввали дунё эълом карданд; Яҳё Синвор- фармондеҳи шуҷоъи ҲАМОС туфанг дар дар даст дар ҷанги тан ба тан бо артиши террористии Исроил мардона шаҳид шуд.
Яҳё Синвор касе буд, ки барои халқаш дил месӯзонд, ба хотири мубориза барои озодии халқаш 22 сол дар зиндони ваҳшитаринҳои рӯи замин-саҳюнистҳои Исроил асир шуд, бадтарин шиканҷаҳо шуд, садҳо бор то марзи марг рафт, аммо ҳаргиз таслим нашуд, то охир ҷангид, дар роҳи Худо устувору собитқадам монд, китобҳое навишт, ки ранҷу заҳмату азобу сахтии миллати Фаластинро дар таърих ҷовидона кард, стратег ва тарроҳии 7-уми октябри 2023-ро ӯ тарроҳӣ кард, ки то абад яҳуду Исроилро бо шикаст доданашон дар ҷаҳон ва кишварҳои абарқудрати дунё беобрӯ кард ва билохира баъд аз умре муборизаю муҷоҳидат, дар 63-солагӣ ҷоми шаҳодатро нӯшиду ошиқона ба дидори Ҳақ шитофт. Яҳё Синвор касе буд, ки сарбаландона зист, сарбаландона зиндагӣ кард ва сарбаландона даъвати Ҳаққро лаббайк гуфт.
Ӯ аз таваллуд то марг дар роҳи Худо буд, фи сабилиллоҳ буд, дар роҳи ҷиҳод буд, дар роҳи озодии ватан аз душмантарин душманони муъминон ба таъбири Қуръон буд. Ӯ касе буд, ки лаҳзае аз мубориза даст накашид ва то охирин қатраи хуни худ ва то охирин нафаси худ дар Роҳи Худо барои озодии Қудси шариф ва нобудии саҳюнисти Исроил ҷангид ва ба орзуяш – шаҳодат расид.
Яҳё Синвор шаҳиде аст, устура ва марде аст афсонаӣ, ки ҳар касе хоҳад ба пирузӣ расад, кишварашро аз зери ситами номардони хунхори таҷовузгари ваҳшии инсонсурат наҷот диҳад, аз рафтору кирдори Яҳё Синвор сармашқ гирад.
Дар Тоҷикистон барои пирӯзӣ бар ситамгари шайтони ҳаромзодаи муртади душмани рақами яки халқи Тоҷикистон-яъне Эмомалӣ Раҳмон як Яҳё Синвор кам аст, як Яҳё Синвор даркор аст, то бинии шайтон фарзанди шайтон (Э.Раҳмон)-ро ба хок бимолад ва ӯву пайравонашро ба асфала софилин равона кунад.
Яҳё Синвор; яъне касе ки нафасаш, қалбаш, дилаш, руҳаш, ҷисмаш ва ҷонаш барои Худо метапад, барои Худо меҷангад ва дар роҳи Худо ошиқона ҷони худро фидо мекунад, то халқаш дар ободию озодию адолату Ислому Қуръон зиндагӣ кунанд, дар хати Қуръон бошанд ва бо Қуръон зиндагӣ карда, бо Қуръон бимиранд.
Худоё, як Яҳё Синвор ба халқи Тоҷикистон ато кун, то аз шарри Эмомалӣ Шайтон озодамон кунад!