Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти бисёр ноҷавонмард, бераҳм, ситамгар ва фиръавнсифат аст, ки зураш фақат бар одамони заифу бекас мерасад, дар ҳоле ки дар муқобили зургуёне чун Қирғизистон, ки бар мардуми тоҷик ситам карда, хоки Тоҷикистонро бар кишвари худ замима кардааст, муши мурда аст ва тамоман аз ҳаққи мардуми Тоҷикистон натанҳо дифоъ намекунад, балки комилан сукут карда, заминҳои бештарро дар ихтиёри Қирғизистон қарор медиҳад, то Қирғизистон дигар ба гуфтаи худаш ба Тоҷикистон ҳамла накунад.

Як намуна аз ситамгарии режими Раҳмон бар бегуноҳон ин аст, ки инсонҳои бегуноҳро бо ҷиноятҳои бофта ба даҳҳо сол зиндон меандозад, ки намунаи онро метавон садҳо зикр кард.

Абдулмаъбуд Қарабоев низ яке аз ин қурбониҳое аст, ки режими Раҳмон ӯро ба зиндон андохт. Ӯ касе буд, ки дар Русия, бо сад заҳмат, дар қатори миллионҳо тоҷики дигар, ки бо чораандешии белиёқатоне чун Эмомалӣ Раҳмон ба ғуломи русҳо табдил шуда, барои як луқма нон, ҷони сиёҳ меканд, режими Раҳмон, ба давлати Русия листе дод, ки номи Абдулмаъбуд дар он буд.

Ин листи ба гуфтаи режими Раҳмон “листи экстримистҳо” аст, ки ҳам барои РФ ва ҳам барои ҶТ хатар доранд.

Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳамон тақрибан ниме аз мардуми Тоҷикистон экстиримстанд; чароки аз белаёқатии Э.Раҳмон дар идораи кишвар норозианд ва тамоми бадбахтиҳои халқи Тоҷикистонро аз ноуҳдабароии Э.Раҳмон медонанд. Ва намехоҳанд рӯи хуг ва бенури Эмомалӣ Раҳмонро бибинанд.

Абдулмаъбуд Қарабоев, ки дар “стройка” кор мекард, рӯзе барои паспорт ба посолствои ҶТ дар Маскав рафт. Коргарони посолства ӯро гуфтанд, ё “бзи мо мешай” ё “трмада” меғалтӣ.

Ӯ “бз шудан”-ро қабул намекунад, дар натиҷа, аз Русия депорт шуда, дар аэропороти Душанбе, рост ба сизо бурда мешавад. Аз соли 2022 аст, ки дар сизо буда, ва дар ҳоли ҳозир ба 12 сол зиндон ба ҷурми хиёнат ба ватан ҷазо мебинад.

Каме дар бораи Абдулмаъбуд Қарабоев

Абдулмаъбуд Қарабоев, одами таҳсилкарда, соҳиби 4 фарзанд, қадбаланд ва риши баланд дошт. “Риши ӯ то нофаш буд, ва дар гарданаш арафтка пӯшида мегашт”- мегӯяд рафиқаш, ки якҷоя дар стройка кор мекарданд. Ӯ аз гуфтани номаш худдорӣ кард.

“Риши баланд, нишонаи салафигарӣ аст”, мегӯяд коргари посолстваи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия.

Мумкин ки Абдулмаъбуд Қарабоев ба хотири қабул накардани “бзӣ”-и посолстваи ҶТ, приступник шинохта шуда, ба кодекси “салафигарӣ” ба хиёнат ба ватан, ҷазо гирифт.

Сиддиқи Акбар